13.9 C
Dushanbe

Номаи писар ба падари зиндониаш

Фирӯзи Маҳмадалӣ, фарзанди зиндонии сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит – муовини раиси ҲНИТ, ки аз тарафи Додгоҳи олӣ бо парвандаи сохта ба ҳукми абад маҳкум шудааст – дар саҳифаи фейсбукиаш матлаберо ба муносибати 65 солагии падараш зери унвони “Нома ба падари бузургворам” нашр кардааст.

Фирӯзи Ҳаит дар ин номаи бози худ аз моҷароҳое, ки давоми ҳафт соли дар зиндон будани падараш гузаштааст ва овора шудани сарсониҳои хонадону наздиконаш, нақл мекунад.

Шакли ихтисори номара дар зер оварда мешавад:

Нома ба падари бузургворам

Ҷойи Шумо ва дигар бузургони зиндонӣ дар майдони мубориза холист падарҷон…

Салом падарҷон, сахт пазмони Шумо ва он рӯзҳое, ки ҳама якҷо сарҷамъ будем шудаам. Имрӯз зодрӯз доред ва 65-солагии худро пушти миллаҳои зиндони торику танг мегузаронед. Мисли ҳафт соли пеш дар озодӣ нестед то ба оғушатон гирам ва бо ин рӯз табрикатон кунам. Аммо умедворам суханҳоям ба Шумо хоҳад расид.

16-уми сентябри соли 2015 ноҷавонмардона Шуморо боздошт ва ба СИЗО-и КДАМ бурданд ва аз он рӯз шиканҷаву фишор болои Шумо ва сарсониҳои оилаамон шурӯъ шуд. Яке аз бадтарин рӯзи зиндагиам ҳамин рӯзи 16-уми сентябр аст ва намехоҳам ин сана вуҷуд дошта бошад.

Падарҷон, баъди боздоштатон модарам бо чашмони пур аз об ба кофтани Шумо баромаданд. Чанд рӯз аз Шумо хабаре наёфтем, дар ҳоле ки золимон вақте Шуморо бо худ бурданд, гуфта буданд, ки бо “КАЛОН” суҳбат мекунед ва бармегардонанд. (аз рӯзи боздоштатон борҳо қисса кардаам) Хоб аз чашмони ҳама пайвандон парида буд. Мо фарзандон ҳамеша чашм ба роҳ будем ва мунтазири он лаҳза будем, ки Шумо бармегардеду мисли ҳамеша сахт ба оғушамон мегиред.

Аз рӯзи аввал шиканҷа шудаед, аммо сар хам накардед. Дертар видео ҳам пайдо шуд, ки дар он мегуфтед, рост ба СИЗО бурданду даровардан баробар лату кӯбатон карданд. Боз пироҳанатон ба дастамон афтод, ки дарида буд. Ин номардон аз дасташон танҳо лату кӯбу қатли нафарони бегуноҳ меояд. Мехостам бидонам вақте он нафарон дасту по тарафи Шумо ё дигар бегуноҳон мебардоранд ё касеро ба қатл мерасонанд чӣ фикре доранд? Фикр мекунанд ин ҳама амали ваҳшиёнае, ки анҷом медиҳанд бе посух хоҳанд монд?

Баъди боздоштатон модарам ва мо фарзандон, ростӣ, роҳи зиндагиро гум карда будем. Бечора модарам созмоне набуд, ки барои озодиатон муроҷиат накарда бошад, ё расонае намонда буд, ки дар он аз зиндонӣ шуданатон нагуфта бошад.

Бори охир Шуморо ман зимистони соли 2016 дида будам. Ин дафъа Шуморо вақти вохӯрӣ пушти панҷара ҷой карда буданд ва наздатон чанд корманди дигари зиндон буд. Сахнаеро менамуд, ки шерро зиндонӣ кардаанду ду се шағолро назди панҷара гузоштаанд.

Дар саратон кулоҳро чуқур пӯшида будед. Баъд мефаҳмем, ки дар пешонаатон осори шиканҷо монда будааст ва нахостед, ки онро мо фарзандон бубинем. Вақте суҳбат мекардем заррае руҳафтодагиро дар Шумо надидам. Моро дилбардорӣ ва насиҳат мекардед. Аз бегуноҳиятон ва бо сари баланд ба озодӣ баромаданатон мегуфтед.

Соли 2016 мурофиаи Шумо ва дигар ҳамсафонатон оғоз шуда буд. Хабари оне ки чӣ гуна дар мурофиаҳо сухан мекардеду бо факту далел бегуноҳиятонро исбот мекардед ва аз ҳамсафонатон дифоъ мекардедро мешунидам. Озодандешон аз қаҳрамониятон мегуфтанду душманон ба хашм омада буданд.  Гуфта мешуд, ки мурофиаҳо ба нафъи шумо анҷом ёфта истодааст, бо вуҷуди оне ки чанд тан дар ивази озодӣ бар зиддатон шоҳидӣ бардурӯғ дода буданд. Мақомот чун намехост ин ҳама шармандагиаш рӯи об барояд, мурофиаҳоро пушти дарҳои баста дар СИЗО мегузаронд.

Хулоса, Ҳукумат аз тарси шуҷоату мардонагии Шумо бароятон ҳукми абад эълон кад. Тасаввури ҳукми абад кори саҳлу соддае нест ва аз онҳое, ки Шуморо равонаи зиндон карданд пурсиданиям, замоне ки парвандаҳоро мебофтеду месохтед ё замоне ин ҳукмро мехондед, виҷдонатон азоб намедод, ё ҳоло азоб намедиҳад? Ба ҷои шумоҳо ман посух медиҳам, “охир ҳамон виҷдон бошад, ки азоб диҳад”, яъне шумо видон надоред онро кайҳо ба ду танга фурӯхтаед! Шумо ҳам дар ҳаққи Худо ва ҳам дар ҳаққи бандагонаш таҷовуз кардаед, дониста бошед, ки ҳатман ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ба сазои аъмолатон мерасед. Сад дар сад мутмаинам, ки ҳечгоҳ зулм бе посух намемонад. Падарамон ба мо мардонагиро омӯзонд ва барои мардонагиаш равонаи зиндон шуд. Шумо ба фарзандонатон чиро меомӯзед? Фурӯхтани виҷдону шарафу номусу мардонагиро?

Падарҷон, бо вуҷуди оне ки мақомот кӯшиш карда буд ҳукми суд берун набарояд ва намехост ин ҳама шармандагиашон рӯи об барояд, он берун баромад ва барои он ману модарамро ду рӯз боздошт карданд.

Ду рӯзе, ки дар онҷо будем бисёре аз кормандони амният мегуфтанд, ки “сад ҳайф ки отат қати мо кор намекунд, бо истеъдоде ӯ дорад пешрафти зиёд мекардем” ва ба ҳамин монанд суханҳо шунидам. Нафароне ҳам буданд, ки аз бахилӣ дар ҳақатон суханҳои бад мегуфтанд. Намехоҳам дар бораи ончи гузашт онҷо чизе бинависам.

Инҷо ба маврид медонам, ки як муроҷиати хоссе ба мақомдорон ва фарзандони онҳо дошта бошам.

Намедонам шумо забони одамиро мефаҳмед ё не, вале ман сад дар сад медонам ва шумо ҳам аз ман беҳтар медонед, ки на падари ман ва на дигарҳамсафҳояшон, на Бузургмеҳр Ёров, на Зайд Саидов ва на он ҳазорон ҷавонмарди дигар, ки бо туҳматҳои сохтаву бофтаи шумо равонаи зиндон шудаанд, ҳеч кадомашон заррае гуноҳ надоранд. “Гунаҳкортарин”-и онҳо ба андозаи як муфаттиш ва як додраси оддиятон ҷиноят надораду накардааст.

Наход то он ҳад пастфитрату бевиҷдон шуда бошед, ки бо фаромни як инсоне мисли худатон ин қадар аз марзи номус дур шаведу бо пули туҳмату буҳтон фарзандонатонро нон диҳед. Вақте баъд аз эълони чунин ҳукмҳои сохта бегоҳ ба назди зану фарзандонатон бармегардед, бо кадом рӯ онҳоро ба оғуш мегиред? Бо кадом рӯ дар чеҳраи кӯдаконатон механдед? Аз каом қаҳрамониятон барои онҳо нақл мекунед? Фарзандонатон агар ин ҷинояти шуморо бидонанд, бовар дорам, ки ҳаргиз шуморо намебахшанд. Оё шабҳояш шуморо хоб мебарад? Бояд шумо маргро аз чунин хорӣ болотар бидонед. Вале мансабҳои дурӯзаатон чашмҳоятонро кӯр кардааст, ки ин мафҳумҳо ва ҳақиқатҳоро намефаҳмед.

Пас, хуб бидонед, ки шумо вақте танҳо як одамро бо туҳмат ва бо фармони пешвоятон ба зиндон меандозед, камаш то 10-15 нафарро аз як оила ва хешу наздиконаш ба худатон душман мекунед.

Мо фарзандону пайвандони зиндониҳо, ин корҳои шуморо ҳаргиз фаромӯш нахоҳемкард. Мо ҳам мисли шумо одамем, шумо агарчи ба зоҳир ба одам монанд ҳастед, вале дар асл одамият надореду одамсират нестед. Агар имрӯз фарзандонатон аз шумо мефахранд, вақте мефаҳманд, ки ба чунин ҷиноятҳо даст задаед, сабаби нангу орашон мешавед мефаҳмед?!

Аммо…

Аммо дар охир агар такрор ҳам шавад боз менависам падарҷон, ки ман бо Шумо мефахрам. Орзуи мисли Шумо буданро дорам. Чун мардонагиву ростқавлиро пеша кардеду худро фадои Ватану миллат кардед. Ба мисли баъзеҳо нангу номуси худро нафурӯхтед. Ба хотири роҳати ҷони худ мардонагиро нафурӯхта, зиндонро қабул кардед. Ҳатто дар зиндон рӯҳафтода нестед, аз дохил барои озодиатон мубориза бурда истодаед.

Устоду муршидам, зодрӯзатон муборак бошад! Аз Худованд мехоҳам, ки Шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад ва озодиро насибатон гардонад, то зодрӯзи баъдиятонро дар Ватан якҷо ҷашн бигирем. Агарчи ман ин орзуро ҳарсол мекунам, вале ҳаргиз ноумед нестам ва мутмаинам, ки ба зудӣ ҳам Шумо ва ҳам ин миллати мазлум аз ҷанголи ин золимон озод мешавад.

Бо умеди озодиятон бузургтарин инсон дар зиндагиам!

Ҷойи Шумо ва дигар бузургони зиндонӣ дар майдони мубориза холист падарҷон…

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Фирӯзи Маҳмадалӣ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.