5.9 C
Dushanbe

Номаи таслияти Эмомалӣ ва Рустам ба мақомдорони эронӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон ва писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии кишвар дар робита ба таркише дар Бандар Аббоси Эрон, ки боиси кушта ва захмӣ шудани садҳо нафар гашт, ба ҳамтоёни эрониашон номаи таслият равон кардаанд.

Раҳмонов дар номааш ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон аз “андӯҳи амиқ”-и худ гуфта, ба мардуми Эрон ҳамдардӣ ва таслият иброз кардааст ва “аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷруҳон шифои комил” хостааст.

Инчунин Рустами Эмомалӣ низ бо навиштани номаи монанде ба раҳбари порлумони Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, ки 26-уми апрели соли ҷорӣ дар минтақаи вежаи иқтисодии бандари “Шаҳид Раҷоӣ”-и Ҷумҳурии исломии Эрон сӯхтори калон ва таркиши сахте рух дод, ки дар натиҷа 40 нафар ҷон бохта, 1241 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористон бистарӣ гаштаанд.

То ҳанӯз сабаби сар задани ин ҳодисаи маргбор маълум нест. Мақомоти Эрон сабабҳои сар задани сӯхтору таркишро таҳқиқ дорад ва рӯзи 28-уми апрелро мотами миллӣ эълон кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.