Панҷ нафар аз сокинони Язгуломи ВМКБ дар фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб нопадид шудаанд. Дар ин бора хешовандонашон ба расонаҳо дар Тоҷикистон хабар додаанд.
Бино ба маълумоти расида, қарор буд ин 5 нафар рӯзи 19- уми июн бо хатсайри Маскав-Кӯлоб ба Тоҷикистон мерасиданд. Дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хешовандони ғайбзадҳо гуфтаанд, ки бо тай намудани 300 километр роҳ онҳо худро барои истиқболи пайвандонашон ба Кӯлоб расонидаанд, аммо дар фурӯдгоҳ аз онҳо хабаре нест.
Ин 5 нафар ҳафтае пеш аз сӯи пулиси Маскав дар ошхонаи тоҷикии “Лаззат” боздошт шуда буданд. Маълум нест, ки онҳоро ихроҷ кардаанд ё бо дархости мақомот дар Тоҷикистон ба Ватан истирдод шудаанд.