4.9 C
Dushanbe

Амрико ва Эрон музокиротро оғоз карданд

Дар пайи шиддат гирифтани танишҳо миёни Амрико ва Эрон Доналд Трамп ба таври ғайримунтазира аз баргузории музокирот бо эрониҳо хабар дод.

Расонаҳои Теҳрон ҳам ин хабарро нашр карда, менависанд, ки ин музокирот дар Уммон сурат мегирад.

Бино ба гузориши сомонаи “Rtuters” 7-уми апрели соли ҷорӣ, Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико зимни мулоқоте, кӣ бо Бинямин Натанёҳу нахуствазири Исроил дар Вашингтон дошт, ба расонаҳо гуфт, ки музокироти мустақим ва дар сатҳи боло бо Эрон аллакай шуруъ шудааст. Вазири умури хориҷии Эрон низ тавофуқ барои музокиротро дар саҳифаи “Х”-и худ тасдиқ кард.

Трамп дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, рӯзи шанбе 12-уми апрел ҷаласаи муҳимме дар сатҳи олӣ бо мақомдорони Эронӣ сурат мегирад ва муътақид аст, ки ҳарду тараф расидан ба як созишномаро тарҷиҳ медиҳанд.

Аммо ӯ таҳдидҳояш болои эрониҳоро ҳифз карда афзудааст, ки Эрон набояд ҳастаӣ шавад ва дар сурати даст наёфтан ба тавофуқ дар ин масъала вазъият барои онҳо хатарнок хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳо, Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон низ тасдиқ карда, ки музокирот байни Эрон ва Амрико сурат хоҳад гирифт, вале он ба шакли ғайримустақим ва дар кишвари Уммон баргузор мешавад.

Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки дар ин музокирот аз тарафи Эрон Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва аз тарафи Амрико Стив Уитков фиристодаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна ширкат мекунанд.

Аммо изҳороти ахири Теҳрон ва Вашингтон ба таври ғайримунтазира дар ҳоле пахш мешавад, ки равобити миёни ин ду кишвар ба тиратарин ҳадди худ дар чанд соли ахир расидааст. Чанде пеш Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ба мактуби Трамп дар бораи оғози зудҳангоми музокироти мустақим ва созиш оид ба барномаи ҳастаии ин кишвар посухи рад дод, Амрико таҳдид кард, ки ин кишварро бомборон хоҳад кард.

Пас аз ин раддубадалҳои лафзии шадид, расонаҳо аз ҷобаҷокунии силоҳҳо ва техникаҳои низомии ИМА дар Ховари Миёна ва ирсоли аслиҳа ба Исроил хабар доданд. Ҳамин тавр рӯзномаи “Newsweek” имрӯз, 8-уми апрел бо такя ба тасовири ҷадиди моҳвораӣ гузориш додааст, ки киштии ҳавопаймобари амрикоии “USS Carl Vinson”, ки дар ибтидо дар ғарби Уқёнуси Ором мустақар буд, ҳоло дар роҳи пайвастан ба Ховари Миёна аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин таҳаррукоти низомии Амрико дар минтақа ба он хотири сояи тарсро ба кишвари Эрон ва атрофи он ҷорӣ карданист ва бо ин кораш мехоҳад Эронро ба мизи музокира кашонад.

Ҳамзамон чанд тан аз мақомҳои баландпояи Эрон аз ҷумла, Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон пас аз монуврҳои Амрико, омодагии худро барои ҳаргуна муборизае эълон крданд.

Бар илова Эрон ба кишварҳои ҳамсояаш, ҳушдор дода буд, ки агар аз қаламрав ё ҳарими ҳавоии онҳо барои ҳамла ба Эрон истифода шавад, ин кор “амали душманона арзёбӣ мешавад” ва паёмадҳои сангин хоҳад дошт.

Ташдиди танишҳои миёни Амркио ва Эрон кишварҳои ҳамсояи Эолн ва минтақаро нигарон кардааст. Ҳамзамон Русия дар миёни ин бесуботӣ ва беназмии ҳоким дар минтақа изҳори нигарони карда гуфтааст, ки дар сурати ҳамлаи низомии Амрико ба Эрон, ин кишвар ба Эрон кумаки низомӣ нахоҳад кард. Муовини Вазорати хориҷии Русия мегуяд, мо аз роҳи дипломатӣ талош мекунем то ин низоъ ҳал шавад, вале дар сурати ҳамлаи низомӣ ба Эрон ба ин кишвар кумаки низоми нахоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми СММ барои ҳуқуқи занон

Дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони Тоҷикистон иштирок карданд.

Амрико барои хариди нефти Русия ба кишварҳо иҷозат дод

Амрико бо судури иҷозати муваққатии 30-рӯза ба кишварҳо имкон дод, ки нефти таҳримшудаи Русияро харидорӣ кунанд.

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.