Оғози Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”

21-уми октябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ин намоишгоҳи китоб зиёда аз 40 ношири дохиливу хориҷӣ ширкат карданд. Аз ҷумла, аз кишварҳои хориҷӣ ношироне аз Туркия, Эрон, Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон ҳузур доштанд.

Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ муаррифии китобҳо ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар арзёбӣ мешавад.

Дар ин намоишгоҳ ноширон беш аз 5 ҳазор китоби тозанашри худро, аз ҷумла адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва фалсафӣ ба алоқамандони китоб пешниҳод шудаанд. Ин намоишгоҳ то 24 октябр идома хоҳад дошт.

Аммо аз сӯи дигар, баъзе аз фаъолони ҷомеаи маданӣ бар ин назаранд, ки агарчи баргузории чунин намоишгоҳҳо хеле хуб аст, вале Вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои зертобеи он дар муаррифӣ кардан ва табғили китобҳои олимону адибони Тоҷикистон дар ҷомеа камкорӣ мекунанд, дар ҳоле, ки бояд дар ин росто хеле фаъол бошанд.

Дар ин чанд соли ахир борҳо олимону адибон ва нависандагони Тоҷикистон аз кам будани теъдоди хонанда ва ба фурӯш нарафтани китобҳои худ дар байни мардум гила карда, ҳукуматро ба камкорӣ дар ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар ҷомеа муттаҳам кардаанд.

Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки худи ҳукумат бо баргузории чунин намоишгоҳҳои китоб ноширони дохиливу хориҷиро ба нашри китобҳои ҷадид даъват мекунад, вале аз сӯи дигар, олимону нависандаҳои саршиносро бо иттиҳомоти дурӯғин боздошту зиндонӣ мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: 18 нафари дархостшуда аз Утриш ҷузъи пайгардҳои Интерполанд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт 18 нафаре,...

Вазири адлия боз ба суолҳо дар бораи зиндониёни сиёсӣ посухи равшан надод

Вазири адлия дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш, ки имрӯз,...

Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон бо судури ҳукми раиси...