9.9 C
Dushanbe

Оғози нишастҳои САҲА дар Варшава

Нишастҳои навбатии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон аз имрӯз, 30-уми сентябри соли 2024 шуруъ мешавад.

Дар нишастҳои 10-рӯзаи САҲА масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баҳсу баррасӣ мешавад. Ин ин нишастҳо то 11-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Нишасти имсола таҳти раҳбарии кишвари Малта баргузор шуда, дар он намояндагони 57 давлати узви САҲА, шарикон ва ниҳодҳои САҲА ва дигар сохторҳо инчунин намояндагони созмонҳои байниҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.

Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуда буд.

Нишасти соли гузашта таҳти раёсати кишвари Македонияи Шимолӣ баргузор шуда буд, ки дар он намояндагони кишварҳои Русия, Белорус ва Тоҷикистон иштирок надоштанд.  

Аммо мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла Паймони миллии Тоҷикистон, “Гурӯҳи 24”, расонаҳои мустақили бурунмарзӣ ва бархе чеҳраҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин нишастҳо ҳузури фаъол доштанд.

Дар нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон солҳои 2016 то 2019 миёни мухолифони тоҷик ва намояндагони ҳукумат баҳсҳои зиёде сурат мегирифт. 

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман шарҳ надодаанд, ки чаро намояндагонаш дар нишасти соли гузашта иштирок надоштанд.

Инчунин маълум нест, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро дар нишасти имсола хоҳем дид ё на. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Эрон

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 17-уми феврал бо сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд.

“Рейд”-и муҳоҷирон дар бозору кӯчаҳои Русия

Мақомоти Русия дар бозору кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо барои тафтиши...

Дар Риёз бидуни ҳузури Украина қазияи ҷангро баррасӣ мекунанд

Имрӯз сешанбе, 18-уми феврал дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ нишасти намояндагони Амрико ва Русия дори гашт.

Ҳалокати беш аз 500 нафар дар садамаҳои нақлиётии кишвар

Танҳо дар давоми соли 2024 дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 552 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд.