31.9 C
Dushanbe

Оғози сафари ҳоҷиён ба Арабистон

Имсол сафари зоирони тоҷикистонӣ ба Арабистони Саудӣ барои анҷоми маросими ҳаҷҷи фарзӣ аз сокинони пойтахт оғоз шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон 10-уми июни соли 2023 нахустин гурӯҳи зоирон аз шаҳри Душанбе ба Арабистони Саудӣ сафар кард.

Ба қавли манбаъ, дар ин гурӯҳ “165 сокини шаҳри Душанбе шомил буданд, ки аз тариқи ширкати ватании “Сомон-Эйр” ба шаҳри Ҷидда парвоз анҷом доданд.”

Тибқи иттилои дарёфтӣ, зоирони тоҷикистонӣ, ки дар рӯзҳои оғозини ин мавсим ба зиёрати Хонаи Худо мераванд, нахуст ба шаҳри Мадинаи Мунаввара рафта ба ҳудуди 10 шабонарӯз дар он ҷо мемонанд ва баъд аз анҷоми маносики ҳаҷҷи фарзӣ аввалин шуда ба Ватан бар мегарданд. Ва аммо онҳое, ки дар рӯзҳои баъдӣ сафар мекунанд, мустақим ба Маккаи Мукаррама рафта баъд аз анҷоми маносики ҳаҷҷи фарзӣ ба Мадинаи Мунаввара ба зиёрати масҷиди Набавӣ сафар мекунанд.

Гуфта мешавад, Ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом аст, ки анҷом додани он барои ҳар фарди мусалмони бабалоғатрасида, ки тавоноии рафтанро дорад, як бор дар умр фарз мебошад. Дар ҳоли ҳозир чун талабот зиёд аст, Арабистони Саудӣ барои осон шудани пазироӣ ва хидматрасонӣ ба меҳмонони Хона Худо барои ҳама кишварҳо ба ҳисоби миёна барои ҳар 1 миллион нафар аҳолӣ наздик ба як ҳазор квота ҷудо мекунад.

Тибқи маълумоти бархе шахсони огоҳ, агарчи квотаҳои ҳаҷҷи фарзӣ роигон аст, вале дар Кумитаи дина ва Вазорати хориҷаи Тоҷикистон баъзе масъулон квотаҳоро алоҳида ба мардум бо нархи гарон мефурӯшанд ва аз ин тариқ маблағи муфт дарёфт мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.