26.9 C
Dushanbe

Омодагии Тоҷикистон барои баргузории нишастҳои минтавақавӣ

Тоҷикистон барои баргузории ду нишасти муҳимми минтақавӣ дар моҳи сентябри имсол дар шаҳри Душанбе омода мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли 2023 Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегараданд.

Ба қавли манбаъ, дирӯз, 15-уми июни соли ҷорӣ Сарвазири Тоыикистон, раиси Кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода дар бораи омодагии кишвар барои баргузории ин чорабиниҳои муҳимм ба Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзои ҳукумат гузориш дод.

Гуфта мешавад, маҷлисҳои ҳукумат ба сурати расмӣ моҳе як маротиба бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисони вилоятҳо, ва шаҳру ноҳияҳо ва аъзои ҳукумат баргузор мешавад ва дар онҳо масъалаҳои муҳимми рӯз мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...