33.9 C
Dushanbe

Бо “Облава” нашуд, парвандаи ҷиноятӣ боз мекунанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар соли ҷорӣ нисбати 50 ҷавон барои саркашӣ аз рафтан ба хидмат парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Додситонии кулли кишвар хабар дод, ки дар давраи даъвати баҳории соли 2021 дар ҷумҳурӣ 2427 нафар даъватшавандагоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, “бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ” ба артиш ҷалб шуданд.

Хабари парванда боз шудан нисбати наваскарон дар ҳолест, ки аксари мақомот комиссариатҳои ҳарбӣ аз иҷро шудани 100%-и нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш хабар дода буданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар мавсимҳои даъват ба артиш наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбад, ки дида мешавад мақомоти комиссариатҳои ҳарбии кишвар бо кумаки дигар сохторҳои қудратӣ ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо дастгир намуда, зӯран ба артиш мебаранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки имсол Тоҷикистон ба мисли Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон хидмати “алтернативӣ”-и ҳарбӣ, яъне пулакиро ҷорӣ кард, ки арзиши ин навъи хидмати сарбозӣ 25 ҳазор 200 сомониро (420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 60 сомонӣ мебошад) ташкил дода, маблағ метавонад вобаста ба тағирёбии нишондиҳандаи ҳисобҳо иваз шавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин, 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон ба синни сарбозӣ расидаанд.

Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеа мавриди баҳс қарор мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.