Русия то 300 ҳазор сарбози захиравияшро ба артиш басиҷ мекунад

Президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷаити видеоӣ ба сокинони кишвараш аз қисман басиҷкунӣ ба артиш хабар дод.

Матн ва видеои муроҷиат имрӯз, 21-уми сентябр дар сомонаи Кремл нашр шуд, ки Путин дар он мегӯяд, “барои ҳифзи Ватан ва якпорчагии худ зарур мешуморам, ки аз қисман басиҷкунӣ ба артиш дастгирӣ кунам”.

Президенти Русия гуфт, ки ба артиш онҳое даъват хоҳанд шуд, ки дар артиши Русия хизмат карда, дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Ва қабл аз фиристодан ба қисмҳо, ҳатман аз таълими иловагии ҳарбӣ мегузаранд.

Инчунин шаҳрвандони замони басиҷкунӣ ба хидмати ҳарбӣ даъватшуда, як мақоми муайянеро соҳиб шуда, ҳамаи пардохтҳои барои хизматитчиёни тибқи қарордод пешбинишуда, ба онҳо низ пардохт карда мешавад.

Дар идома Владимир Путин қисман басиҷкунӣ ба артишро “як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар” номида, Ғарбро ба “аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани Русия” муттаҳам кард.  

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар пайи фармони “қисман басиҷкунӣ” ба артиш ба расонаҳо гуфт, ки “мо на он қадар бо Украина, балки бо Ғарби дастҷамъӣ дар ҷанг ҳастем” ва “тамоми гурӯҳҳои моҳвораии НАТО алайҳи Русия кор мекунанд”.

Ба гуфтаи Сергей Шойгу дар доираи маъракаи қисман басиҷкунӣ ба артиш ҳудуди 300 ҳазор нафар ҳайати захираҳои ҳарбӣ даъват мешаванд.

Инчунин Шойгу иддао дорад, ки Украина аз ҳисоби сарбозонаш ҳудуди 61 ҳазору 207 нафар кушташуда ва 49 ҳазору 368 нафар маҷруҳ дорад. Аммо талафоти ҷониби Русияро 5 ҳазору 937 нафар эълон кард.

Дар ҳоле фармони қисман басиҷкунӣ ба артиш ба имзо мерасад, ки расонаҳо аз ҷалби муҳоҷирон ва зиндониён ба артиши Русия хабар медиҳанд.

Инчунин худи ҳамин рӯз гурӯҳе аз муҳоҷирон дар тамос бо Azda tv гуфтанд, ки аллакай баъд аз эълони Путин ба аксар муҳоҷирони тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, аз комиссариятҳои ҳарбӣ даъватнома омадааст. “Ҳатто барои баъзе хонаводаҳо ҳам барои падар ва ҳам барои писар даъватнома омадааст“, мегӯянд, муҳоҷирон.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи низомии Русия ба Украина аз субҳи 24-уми феврали соли ҷорӣ оғоз шуда ва то имрӯз ҷанг дар ин кишвар идома дорад. Бо вуҷуди талафоти зиёди артиши Русия ҳоло ҳам мақомоти ин кишвар онро “амалиёти махсуси низомӣ” меноманд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.