Русия то 300 ҳазор сарбози захиравияшро ба артиш басиҷ мекунад
Президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷаити видеоӣ ба сокинони кишвараш аз қисман басиҷкунӣ ба артиш хабар дод. Акс: Интернет Матн ва видеои муроҷиат имрӯз, 21-уми сентябр дар сомонаи Кремл нашр шуд, ки Путин дар он мегӯяд, “барои ҳифзи Ватан ва якпорчагии худ зарур мешуморам, ки аз қисман басиҷкунӣ ба артиш дастгирӣ кунам”. Президенти Русия […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Президенти Русия Владимир Путин дар як муроҷаити видеоӣ ба сокинони кишвараш аз қисман басиҷкунӣ ба артиш хабар дод.
Акс: Интернет
Матн ва видеои муроҷиат имрӯз, 21-уми сентябр дар сомонаи Кремл нашр шуд, ки Путин дар он мегӯяд, “барои ҳифзи Ватан ва якпорчагии худ зарур мешуморам, ки аз қисман басиҷкунӣ ба артиш дастгирӣ кунам”.
Президенти Русия гуфт, ки ба артиш онҳое даъват хоҳанд шуд, ки дар артиши Русия хизмат карда, дар ҳайати захиравӣ ҳастанд. Ва қабл аз фиристодан ба қисмҳо, ҳатман аз таълими иловагии ҳарбӣ мегузаранд.
Дар идома Владимир Путин қисман басиҷкунӣ ба артишро “як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар” номида, Ғарбро ба “аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани Русия” муттаҳам кард.
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар пайи фармони “қисман басиҷкунӣ” ба артиш ба расонаҳо гуфт, ки “мо на он қадар бо Украина, балки бо Ғарби дастҷамъӣ дар ҷанг ҳастем” ва “тамоми гурӯҳҳои моҳвораии НАТО алайҳи Русия кор мекунанд”.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.