30.9 C
Dushanbe

Оғози ҷаласаи Шӯрони вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Ҷаласаи Шӯрони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Субҳи имрӯз, 13-уми майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо ҳузури Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия оғоз шуд.

Сироҷиддин Меҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳошияи ин ҷасала бо ҳамтоёни аз кишварҳои Беларус ва намояндаҳои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот кардааст.

Дар кори ин ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Русия, Баларус, Қазоқистону Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова ва намояндаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Туркманистону Узбекистон ҳам иштирок мекунанд.

Инчунин дар назар аст имрӯз, нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар нишастҳои ду ҷонибае низ баргузор шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...