14.9 C
Dushanbe

Оғози таҳқиқи дигарбораи сарчашмаи вируси COVID-19

Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар дод, ки як ҳайати ин созмон имрӯз шанбе 11-уми июл бо сафари расмӣ вориди хоки Чин хоҳанд шуд. Сафари ин ҳайат, ки ду рӯз анҷом меёбад, бо ҳадафи бозкушоии роҳ ба хотири сафарбар шудани ҳайатҳои бузургтаре барои анҷоми таҳқиқи сарчашмаи вируси ҳамагири COVID-19 роҳандозӣ шудааст.

Хабаргузории (RT) менависад, Созмони ҷаҳонии беҳдошт зимни баёнияи имрӯзааш мегӯяд, ҳайате, ки озими Чин мешавад, иборат аз мутахассисони вирусшинос ва байторҳо буда дар доираи сафари худ ба Пекин рӯзи шанбе ва якшанбе барои муайянсозии ихтисос ва ваколатҳои ҳайати оянда амал хоҳад кард. Вазифаи ин ҳайат тибқи нақша, ҳамаҷониба омӯзиши вируси интиқолёбанда аз ҳайвон ба инсон мебошад.

Бори охир як ҳайат аз ин созмон барои таҳқиқи сарчашмаи вируси COVID-19 моҳи феврали соли равон ба Чин сафар карда буд ва он замон раиси ин ҳайат аз талошҳои Пекин баҳри пешгирии COVID-19 ситойш намуда гуфта буд, ки Чин дар хусуси мубориза бо ин вирус дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шаффофият кор мегирад.

Аксари мутахассисони вирусшинос бар ин боваранд, ки ин вирус маншаи табиӣ дорад ва сарчашмаи аслияш кӯршапарак мебошад. Ба гуфтаи онҳо ин вируси нави карона аз кӯршапарак ба дигар ҳайвон интиқол ёфта сипас ба инсон гузаштааст.

Пештар зиёда аз 120 кишвар аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт талаб намуда буданд, ки таҳқиқи ин вирусро ҳарчи тезтар ва ҷиддитар аз сар бигирад ва сабаби пайдоиши онро дақиқтар биомӯзад.

Акс аз “almasdaronline.com”

Ин қарор дар ҳоле гирифта мешавад, ки Амрико рӯзи 8-уми июл хуруҷи худро аз ин созмони байналмиллалӣ эълон кард ва онро муттаҳам намуд, ки дар муомила бо вируси оламгир зери султаи Чин рафтааст ва воқеиятро ба ҷаҳониён намегӯяд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп 5 ҳазор сарбози иловагӣ ба Лаҳистон мефиристад

Доналд Трамп изҳор дошт, ки қасд дорад 5 ҳазор сарбози иловагиро ба Лаҳистон (Полша) эъзом кунад.

Вокуниши Шуъбаи маорифи Нуробод ба латтукӯби муаллим дар ин ноҳия

Пас аз тақрибан ду ҳафтаи латтукӯби Раҳмонов Муҳимҷон дар Нуробод, масъулини Шуъбаи маорифи ноҳия ба хабаргирии ин омӯзгор рафтанд.

Таваллуд дар Душанбе ва Бадахшон коҳиш ёфтааст

Ба иттилои мақомоти расмӣ, суръати рушди аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират "рейд"-ҳои нав оғоз карданд.