32.9 C
Dushanbe

Оё барои пешгирии бемориҳо бояд ба маводи ғизоӣ витамину микронутриентҳо илова кард?

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда 6 моҳ муҳлат дод, то ин қарор амалӣ шавад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи Дастури техникӣ оиди ғани гардонии маҳсулотӣ ордӣ”, ки чанде пеш тасдиқ гардида буд, раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркард ва нобудсозии орди ғанигардонидашуда бо витамину микронутриентҳоро ба танзим медарорад.

Тибқи қарори Ҳукумат, Тоҷикстандарт вазифадор шуддааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигар барои татбиқи дастури мазкур чораандешӣ намояд.

Ҳамчунин дар ин санад, ки Эмомалӣ Раҳмон онро имизо кард, таъкид шудааст, ки қарори мазкур баъди шаш моҳи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.

Чанде пеш  дар Тоҷикистон қонун қабул гардида буд, ки бар асоси он ба хотири  пешгирии бемориҳо бояд ба орд ва бархе анвои ғизои дигар витамину микронутриентҳо илова карда шаванд.

Дар қарор таъкид шуда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз камхунӣ, норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ ба маргу кретинизм меанҷоманд, ба орду дигар ғизоҳо микронутриентҳо илова мегарданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дастури техникӣ  “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли орди ғанигардонида ва пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон татбиқ мешавад.

Тибқи қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, ки қаблан дар Тоҷикистон қабул гардида буд, дар баробари орд, инчунин ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили қаннодӣ, ширӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.