13.9 C
Dushanbe

Оё инқилоби Қирғизистон дар сиёсати Тоҷикистон таъсир мегузорад?

Ҳаводиси охири Қирғизистон нишон дод, ки баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботии Парлумони ин кишвар мардуми норозӣ ба кӯчаҳо баромада хоҳони адолат шуданд.

Баъди  аз ҷониби эътирозгарон тасарруфи бинои Парлумон, кохи Президент ва Кумитаи амнияти миллии ин кишвар натиҷаҳои интихобот бекор карда шуданд ва раиси Маркази интихобот истеъфо дод, то ҳол эътироз идома дорад. Маълум нест сарнавишти ояндаи кишвар чӣ мешавад. Имрӯз Президенти ин кишвар Сооронбай Ҷеенбеков ҳаводиси охири кишварашро тасарруфи ғайриқонуии қудрат дониста, гуфт, омодааст бо мӯътаризон музокира кунад.

Дар Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябр интихоботи Президентӣ қарор аст доир шавад, то куҷо ҳодисаи кишвари ҳамсоя таъсиргузор аст, сомонаи “Азият-Плюс” бо чанд нафар аз коршиносону сиёсатмадорон дар ин маврид сӯҳбат анҷом додааст.

Саъидҷафар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфта:  

“Ин ҳаводис чанд бор аст, ки такрор мешавад. Боз интихобот аз сари нав мешавад, боз Президент нав мешавад. Ин ҳаводис давом кардан мегирад. Ин рӯйдодҳо нишон медиҳад, ки модели демократияе, ки ин кишвар қабул кардааст, ба минталитети мардуми Осиёи Марказӣ чандон мувофиқ нест. Ҳукумати парлумонӣ натиҷаҳои хуб надода истодааст. Ин ҳодисаҳо охир надоранд, зеро ба миталитети мардум мутобиқат намекунад”.

Дар идома иброз доштааст, ки Албатта ба вазъ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Ин бе таъсир намемонад, зеро мардум инро мебинад ва намуна мегирад. Имкон дорад, ки дар кишварҳои ҳамсоя аз ин ҳаводис тақлид кунанд. Дар Тоҷикистон гурӯҳҳое ҳаст, ки мегӯянд “ана бинед мешудаст”. Метавонанд ин гурӯҳҳо таҳрик диҳанд, зархарид ҷалб кунанд. гуфтааст, Усмонов.

Шодӣ Шабдолов, собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд:

“бо роҳи ошӯб дар солҳои ахир дар Қирғизистон чаҳор раисҷумҳур барканор карда шуд, вале кор ба ҷанги шаҳрвандӣ накашид. Ба ин далел, фаъолмандии сиёсии шаҳрвандони ин кишвар ҳифз мешавад. Вале ошӯбҳои доимӣ ба ҳеч натиҷаи матлуб намеоваранд, агар ба онҳо вазъи кишвар писанд нест, бигзор қонунҳоро тағйир диҳанд, пеш аз ҳама Қонуни асосиро”.

Ба назари Шабдолов Ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва хотираи талхи он намегузорад, ки ҳаводиси рухдода баъди интихоботи порлумонӣ дар кишвари ҳамсоя, дар мо рух бидиҳанд. Аммо маро дар маъракаи пешазинтихоботӣ мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳайрат андохтааст. Ман ягон интиқоди ҳукуматро нашунидам, дар ҳоле, ки дар тамоми бахшҳо мушкилот зиёд аст. Интиқод ба он маъно нест, ки шумо ватандӯст нестед, балки маънои онро дорад, ки ту мухолифи сиёсати ҳукуматӣ.

Ҳамчунин Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва номзад ба мансаби президентӣ дар мавриди ҳаводиси Қирғизистон гуфтааст:

“Ин ҳаводис то куҷо мерасанд пешгӯйӣ кардан наметавонам, аммо оқибати ҳамаи ин нооромиҳо боз оромиву сулҳ аст”.

Ба назари Латифзода вазъияти Қирғизистон дар иқтисод ва  масъалаҳои сиёсии Тоҷикистон таъсири манфии худро меравсонад.

Алӣ Ализод, блогнавис ва шореҳи сиёсӣ гуфтааст:

Ба ин ки дар Қирғизистон мушкилоти сиёсӣ, буҳронҳо, бештар бо роҳҳои хушунатомез ҳал карда мешаванд, мо одат кардаем. Дар ҷаҳони муосир кишвареро ёфтан душкор аст, ки мисли Қирғизистон борҳо эътирозҳои хиёбонӣ таъсири ҳалкунандае ба рушди иҷтимоиву сиёии кишвар гузошта бошанд. Хушбахтона, дар бештари маврид ин гуна эътирозҳо ба таври осишта, бидуни қурбонӣ ба поён мерасанд.

Ба назари Алӣ Ализод, шӯришҳои сиёсии дохили Қирғизистон таъсири хеле кам (агар таъсире ҳам дошта бошанд) ба вазъияи сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя мегузоранд.

“Танҳо чизе, ки метавонам ба он ишора кунам, ин аст, ки дар авҷи шӯришҳои сиёсӣ ҳеч иқдомоти ғайриқонунӣ ё иғвобарангезе  дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат намегирад. Ба ин тартиб, ошӯбҳои сиёсии таҳрикомез дар Қирғизистон, умдатан, хосияти дохилӣ доранд”, – гуфтааст Ализода.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.