Оё шабакаҳои иҷтимоӣ дар рушди фаҳмиши сиёсии ҷомеаҳо хатар дорад?

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот 4 феврал семенар – машварате дар мавзӯи “Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши он дар ҷомеаи муосир” баргузор намуда, дар он аз вуҷуди хатарҳои эҳтимолии шабакаҳои иҷтимоӣ дар рушди фарҳанг ва сиёсати ҷомеаҳо гуфта шудааст.

Бино ба навиштаи нашрияи Парлумони Тоҷикистон “Садои мардум”, зимни нишасти машваратӣ раиси ин Кумита Саидмурод Фаттоҳзода таъкид дошта, ки шабакаҳои иҷтимоӣ бар раванди рушди сиёсӣ ва фарҳангии миллатҳо таъсири манфӣ гузоштааст.

Ба гуфтаи Фаттоҳзода, инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки бо рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии трансмиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик ёфтааст, фазои фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳонро халалдор намудааст.

“Ҳоло маҳфумҳои наве ба монанди “ҷанги иттилоотӣ” ва “таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ” арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма ба даст гирифтани қудратро доранд”, — иброз дошт раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода.

Фаттоҳзода ишора намуда, ки солҳои охир технологияи иттилоотӣ дар кишвар рушд намуда, “имконоти нав барои таъсиси воситаҳои иттилоотии хусусӣ ва гурӯҳӣ пайдо шудааст”. Ба гуфтаи ӯ, шабакаҳои иҷтимоӣ ба як бахши иттилооти қудратманди таъсиррасонӣ ва ташаккули маърифати ҷамъиятӣ дар ҷомеи Тоҷикистон табдил меёбад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон ва муҳаққиқони шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири ин равандҳои муосирро дар рушди фарҳангҳои сиёсии ҷомеаҳо мусбат арзёбӣ кардаанд. Шабакаҳои иҷтимоиро аз муҳимтарин абзоре ба шумор моеранд, ки бо сабаби ироаи маълумоти гуногун дар рушди фаҳмиш ва равнақи фарҳанги сиёсӣ саҳм мегузоранд.

Сиёсатшинос ва муҳққиқ, Сумая Ҳуводисӣ, ки оиди “таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ дар ҷомеаҳо” таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст, мегӯяд, “ҳукуматҳое, ки бо мармдумашон шаффоф нестанд, бештар аз фаъолияти мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарос доранд. Зеро бо роҳҳои гуногун мардум аз сиёҳкориҳояшон тариқи ин шабакаҳо огоҳ мешаванд”.

“Нақши боризи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули фаҳмиши сиёсӣ дар байни ҷомеаҳо муассир аст, онҳо табиати робита ва алоқа байни ҷомеа ва ҳокимитро дар татбиқи арзишҳои демократӣ инъикос мекунанд. Нашр шудани ноадолатиҳо ва поймоли арзишҳои демократӣ аз ҷониби ҳукуматдорон ба рушди фаҳмиш ва дарки сиёсии ҷомеа судманд аст, аммо ҳокимият инро барои худ хатар меҳисобад”, мегӯяд ин муҳаққиқ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.