22.9 C
Dushanbe

Ҷоизаҳоро доданду рӯзноманирогонро фаромӯш карданд

Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи озодии баён ба як рӯзноманигори тоҷик дар шаҳри Душанбе ҷоизаи касбӣ тақдим кард.

Бархе коршиносон, бо интиқод аз Шӯрои ВАО-и кишвар мегӯянд, имрӯз ҷоизаи касбӣ ба ин рӯзноманигори ҷавон тақдим гардид, вале касе дар онҷо пайдо нашуд, ки барои озодии 12 рӯзноманигори зиндонӣ садо баланд кунад.

Имрӯз, 3-юми майи соли 2023, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи озодии баён дар Тоҷикистон ва хеле аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ҷоизаи касбии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Саидэҳсони Ҷалолиён дода шуд.

Ҷоизаи касбии Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии фаъолияти рӯзноманигорӣ солона барои як нафар аз хабарнигорони кишвар дода мешавад.

Пеш аз ин дар соли 2022 Ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери зиндонии Тоҷикистон дода шуда буд, аммо баъд аз он ки тобистони соли гузашта мақомоти Тоҷикистон Далери Имомалӣ ва 7 нафари дигар аз рӯзноманигорон ва блогерони шинохтаи кишварро бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд, на Шӯрои ВАО ва на дигар созмонҳои дохилӣ ва хориҷие, ки барои ҳимоят аз рӯзноманигорон ташкил шудаанд, натавонистанд ҳатто, пеши роҳи зиндонӣ шудани яке аз онҳоро бигиранд.

Инчунин имсол низ эълон карда шуд, довталабон метавонанд барои дарёфти ҷоизаи Эътимод ва дигар ҷоизаҳои созмонҳои рӯзномагорӣ, ки маъмулан дар Рӯзии озодии баён-3-юми май дода мешаванд, матолиби чопшуда ва нашр гардидаи худро ирсол намоянд, баҳси блогерон ва рӯзноманигорони зиндонии Тоҷикистон, ки айни замон теъдоди онҳо ба 11 нафар мерасад, аз нав эҳё шуд.

Дар ин феҳристи рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ метавон номҳои Маҳмадалӣ Ҳайит, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Ҳикматулло Сайфуллозода, Абдуқаҳҳори Давлат, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абудусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом), Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон)-ро дид.

Ҳамзамон хеле аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо таваҷҷуҳ шиддат гирифтани мавҷи фишорҳо ва таъқиби мақомот аз рӯзноманигорону блогерон ва дар умум корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карда буданд, ки пеш аз довталаб шудан ба ин ҷоизаҳо дар бораи боздоштҳои эҳтимолӣ ва бегуноҳ ба кунҷи зиндонҳо фиристода шуданро ҳам бояд андеша кард.

Далери Имомалӣ пас аз як моҳи сазовор шудан ба ҷоизаи Эътимоди Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҳангоми бозпурсии мақомот мавриди лату кӯб қарор гирифта буд. Яке аз кормандони мақомот, ки ӯро бозпурсӣ мекард, як мушт ва се шаппотӣ ӯро зада буд ва баъд аз чанд муддат боздошт ва равонаи зиндон гардид.

Гуфта мешавад, “Шӯрои васоити ахбори омма як созмони мустақил буда, бо мақсади худтанзимкунии фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон, барои қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое, ки ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ тааллуқ доранд, ташкил шудааст. Ҳадаф аз фаъолияти Шӯрои ВАО рушди озодии баён, баланд бардоштани сифати рӯзноманигорӣ ва таҳкими меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ дар Точикистон аст.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.