Нигаронии Оқохони IV аз вазъ дар ВМКБ

Шоҳзода Карим Оқохони IV, бо паёме ба пайравонаш дар Тоҷикистон аз вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) изҳори нигаронӣ кардааст.

Оқохон аз пайравонаш хостааст, ки қонунро риоя кунанд ва дар барқарории сулҳу оромӣ ба мақомот кумак намоянд. Ин паёми раҳбари исмоилиёни ҷаҳон ба унвони роҳбарони сохторяҳояш равона шуда, рӯзи 17-уми январ дар сомонаи “The Ismaili” нашр шудааст.

Дар он гуфта мешавад, ки ӯ  мисли ҳамеша вазъияти ҳозираро зери назорати худ қарор додааст ва дар мавриди зарурӣ “роҳнамоии минбаъда”-ро мефиристад. Аммо айни замон аз пайравонии тоҷикистонияш хоста, “дар ҳеҷ фаъолияте, ки боиси халалдор гардидани барқарории сулҳ ва назму тартибот мегардад, ширкат накунанд”.

“Ман ҳамеша ба ҷамоатҳои худ маслиҳат додаам, ки ба анъанаи мо содиқ бошанд ва ба қонуни кишваре, ки дар он зиндагӣ мекунанд, эҳтиром гузоранд” – мегӯяд дар паёмаш Шоҳзода Карим Оқохони IV.

Ҳамчунин ӯ хостааст, ки аз паҳн намудани ҳар гуна овозаҳо ва иттилооти бардурӯғ, ки метавонанд боиси паёмадҳои харобиовар бошад, худдорӣ кунанд.

Оқохони IV дар охир аз ҷамоати худ даъват кардааст, ки муттаҳид бошанд, аз ҷумла бо онҳое, ки дар миёни онҳо зиндагӣ мекунанд ва ҳамеша дар беҳбуди сифати зиндагӣ ҳамдигарро дастгирӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми боздошт, сокини ин ноҳия Гулбиддин Зиёбеков аз ҷониби кормандони мақомот кушта шуда буд, ки боиси норозигии мардуми маҳаллӣ ва гирдиҳаоиҳо гардида буд.

Аз 25 то 28-уми ноябр бо иштироки то ҳазорҳо нафар гирдиҳамоиҳо баргузор шуданд.  Дар ин рӯзҳо ду сокини вилоят Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков кушта шуда, чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.