32.9 C
Dushanbe

Омодагии Тоҷикистон ба таҳдидҳои Толибон

Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 30-уми сентябр, зимни сафари кориаш ба ВМКБ дар  шаҳри Хорӯғ дар гузашти низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон иштирок кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш дар торихи 27-уми сентябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомии Қушунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Дарвоз ширкат карда буд. Ин дувумин иштироки Раҳмон дар гузашти низомӣ зимни сафраи корӣ ба ноҳияҳои ВМКБ аст.

Дар суханронияш Эомалӣ Раҳмон соли 2021-умро соли бобарор номида, нерӯҳои низомӣ ва амниятиро сипари боэътимоди Ватан номид ва кори онҳоро барои безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ назаррас арзёбӣ кард.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар санҷиши омодагӣ ба дараҷаи омодабошии ҷангии пурра 230 ҳазор нафар аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ аз бо муваффақият аз қайд гузашт.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамазмон аз шароити бисёр мураккабу печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наздикии сарҳадҳои Тоҷиикикстн хабар додааст.

“Мо фаъол гардидани ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ва дар маҷмӯъ ноором будани вазъият дар кишвари бо мо ҳамсоя андешаронӣ мекунем”

Ин гуфтаҳои Рамҳон дар ҳоле садо медиҳад, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон пештар дар саҳфаи Твиттериаш навишт, ки Толибон “гурӯҳи вижаашро” ба  минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз ҷумла ба Тахор, Қундӯз ва шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон дар Афғонистон фиристода аст.

Қаблан мулло Абдулғанӣ Бародар ва мулло Абдуссалом Ҳанафӣ  дар шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира ба Тоҷикистон ишора кард, гуфта буданд, ки  дар умури Афғонистон мудохила мекунад.

Дар ҳоли ҳозир тамоми ҳамсояҳои Тоҷикистон ва шарикони роҳбурдии он ба мисли Русия, Чин, Эрон ва шарикони бо эътимоди Тоҷикистон ба мисли Покистон ҳам расман бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳамкориро оғоз кардаанд, аммо дар ин васат Тоҷикистон танҳо кишварест, ки то ҳол бар мавзеи худ пофишорӣ дорад ва таъкид мекунад, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад, сипас онро ба расмият мешиносад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.