Дар ноҳияҳои наздимарзии вилояти Хатлон мақомоти низомии кишвар давраҳои омӯзишии ҳарбиро барои қувваҳои захиравӣ ва сокинони маҳаллӣ оғоз кардаанд.
Дар ин бора сомонаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Ин ниҳод мегӯяд, аз ҳафтаи гузашта санҷишҳои омодагии нерӯҳои захиравӣ ва воситаҳои ҳудудӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Панҷ, Қубодиён ва Дӯстӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, шуруъ шудааст.
Гуфта мешавад, ин иқдомҳо бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуда, ҳадафи он таъмини мудофиаи давлат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар мебошад.
Тавре вазорат зикр мекунад, дар яке аз ҷамъомадҳои ноҳияи Панҷ вазири мудофиаи кишвар Эмомалӣ Собирзода барои ташвиқи сокинон дар робита ба ҳифзи марзу буми кишвар ва саҳми онҳо дар ин бора иштирок кардааст.
Вазорат хабар дода, ки дар ин чорабиниҳо мардони аз 18 то 55-солаи кишвар даъват шудаанд.
“Ҳадаф аз мунтазам ташкилу баргузор намудани чунин ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ, агар аз як тараф санҷидани қувва ва воситаҳои моддӣ–техникӣ бошад, аз дигар ҷониб, ин баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷузъу том ва захираҳои сафарбарӣ дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.”, омадааст дар хабар.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки чунин давраҳои таълимӣ ва машғулиятҳои низомӣ бо шаҳрвандон ва нерӯҳои захирваии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ низ гузаронида мешавад.
Омодасозии нерӯҳои захиравӣ дар ноҳияҳои наздимарзӣ бо Афғонистон суолҳоеро дар зеҳни ҷомаи шаҳрвандӣ ва корбарон халқ кардааст, ки чаро дар ин шабу рӯз ва маҳз дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон чунин давраҳои низомӣ гузаронида мешавад.
Ба назари коршиносон, бо вуҷуди муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо Толибон, Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ҳам аз вуҷуди гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки дар наздики марзи Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон ҷойгир шудаанд, тарс дорад.
Ва ё эҳтимол меравад, ки сафари мухолифи тоҷик Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон бетаъсир набуда, мақомотро дар ҳоли омодабош қарор додааст.