26.9 C
Dushanbe

Оморҳои зидду нақизи Вазорати тандурустӣ дар бораи COVID-19 баёнгари чист?

Сомонаи “Азияи-Плюс” дар як таҳқиқи худ байни омори Вазорати тандурстӣ оиди COVID-19 ва омори тақдим намудаи мақомдорони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамин бора, муайян намудааст, ки ин оморҳо аз як дигар тафовути зиёд доранд.

Бино ба навиштаи “Азияи-Плюс” дар як ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии бемории вируси COVID-19 дар ВМКБ бо ҳузури муовини раиси вилоят оморе пешниҳод шудааст, ки гирифторони бемории коронавирус дар ин вилоятро 3142 нафар зикр намуда, гуфтаанд, ки 3090 нафари онҳо шифо ёфтаанд.

Вале аз сарнавишти 52 нафари он чизе гуфта нашудааст, ки онҳо фавтидаанд ё ҳанӯз беморанд? Агар инҳо фавтида бошанд, пас 57,7% фавтидагони коронавирус дар Тоҷикистон ба ин вилоят рост меоянд.

Гуфта мешавад, мақомҳои тандурустии вилоят омори пешниҳодкардаашонро ба “Азия-Плюс” шарҳ надоданд. “Як масъули баландпояи Раёсати тандурустии вилоят дар як сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, онҳо ҳаққи шарҳи ин мавзуъро надоранду бояд ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кунем, зеро аз вазорат онҳоро аз ҳаққи шарҳи мавзуъҳои вобаста ба коронавирус манъ кардаанд”, менависад “Азия-Плюс”.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, барои дарёфт кардани шарҳи расмии Вазорати тандурустӣ дар бораи сарнавишти ин 52 нафар ба Вазорати тандурустӣ ҳафтаи пеш дархости расмӣ фиристодаанд, вале то кунун посухи ин ниҳодро дарёфт накарданд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки омори пешниҳодкардаи Вазорати тандурустӣ бо дигар оморҳои пешниҳод шуда фарқ мекунанд, моҳи октябри соли гузашта дар як ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз ин беморӣ дар Хуҷанд гуфта шуда буд, ки дар шаҳри Хуҷанд 4650 нафар ба коронавирус гирифтор шудааст.

Аммо он рӯзҳо Вазорати тандурустӣ мегуфт, ки дар тамоми кишвар ҳамагӣ 10 574 нафар сироят шудааст. Он шабу рӯз танҳо омори гирифторони беморӣ дар Хуҷанд дар муқоиса бо оморе, ки вазорат пешниҳод мекард 44%-ро дар бар мегирифт, ки шубҳаҳои зиёдеро ба бор оварда буд, навиштааст “Азияи-Плюс”.

Дар идома зикр мешавад, ки Ёдгор Файзов раиси ВМКБ дар оғози моҳи июн дар як ҷаласа шумораи онҳоеро, ки дар ин вилоят аз коронавирус фавтида буданд 22 нафар гуфта буд.

Ин дар ҳоле буд, ки он шабу рӯз Вазорати тандурустӣ омори расмии фавтидагон аз коронавирусро 48 мегуфт, ки мувофиқи изҳороти раиси ВМКБ ниме аз онҳо ба ин вилоят рост меомад. Дар ҳоле, ки аҳолии ин вилоят ҳамагӣ 240 ҳазор аст.

Мувофиқ наомадани оморҳо дар ҳолест, ки борҳо расонаҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки омори дуруст ва дақиқро ба ҷомеа пешниҳод намоянд, вале оморҳои зидду нақиз дар бораи ин бемории ҳамагир то ҳол ба назар мерасад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.