Орд дар Тоҷикистон гарон шуд

Дар Тоҷикистон нархи як халта орди 50 кг ба 290 сомонӣ расид ва дар баъзе вилоятҳои кишвар аз 300 сомонӣ ҳам гузаштааст.

Як халтаи орди воридотии навъи якум, ки ду ҳафта пеш 275 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз нархаш то 290 сомонӣ боло рафтааст.

Орд яке аз маводи аслии ғизоӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва болоравии нархи он ба ҷайби мардум зарбаи сахт мезанад.

Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, дар 11 моҳи соли 2021 воридоти орд нисбат ба соли 2020 30,2% кам шуда, ба кишвар беш аз 54,5 ҳазор тонна орд ба маблағи беш аз 15,4 миллион доллар ворид шудааст.

Дар ин давра афзоиши ҳаҷми воридоти гандум нисбат ба соли 2020 – 3,8% мушоҳида шуда, ба Тоҷикистон беш аз 907,6 ҳазор тонна гандум ба маблағи беш аз 231,2 миллион доллар гандум ворид карда шудаааст.

Қазоқистон яке аз таъминкунандаи аслии орд ва гандум дар бозори Тоҷикистон ба шумор рафта, вазъияти ахире, ки дар ин кишвар рух додааст метавонад нархи орд ва гандумро дар бозорҳои Тоҷикистон гаронтар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.