Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар рафти “амлиётҳои махсус”-и худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон даст ба “ҷиноятҳои ҷангӣ” задаанд.
Акс: ИнтернетИмрӯз, 14-уми июли соли 2022, наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, ки нишон медиҳад, кормандони “ОМОН”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҷасадҳои беҷони 5 тан аз сокинони мулкӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳнасозӣ мекунанд.
Дар ин саҳнасозӣ, ки ҳудуди 90 сонияи он ба сурати махфӣ филмбардорӣ шудааст, ба вузӯҳ дида мешавад, ки кормандони “ОМОН” ҷасадҳои беҷони ин афроди кушташударо аз ҷойҳои дигар оварда паҳлӯи ҳам мехобонанд ва барои муваҷҷаҳ сохтани ҷиноятҳои худ ба дасти онҳо силоҳ ҳам мегузоранд.
