Ба муносибати 80-солагии ғалабаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ нерӯҳои Русия ҳамла ба Украинаро муваққатан қатъ мекунанд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, бо қарори раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз нимашаби 7-уми май то нимашаби 10-уми майи соли ҷорӣ оташбас эълон шудааст.
Кремл бо нашри иттилоияе мегӯяд, ки дар ин муддат тамоми амалиёти ҷангӣ боздошта мешаванд ва изҳори умедворӣ кардааст, ки Украина низ ба ин иқдом пайравӣ мекунад ва дар сурати вайрон шудани оташбас аз ҷониби Украина, нерӯҳои мусаллаҳи Русия посух хоҳанд дод.
Пештар аз ин низ Владимир Путин ба муносибати иди “Пасха” оташбаси 30-соата эълон карда буд, аммо он замон Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфта буд, ки бо вуҷуди эълони Путин, нерӯҳои Русия дар чанд ҷабҳа ҷангро идома дода истодаанд.
Эълони оташбаси серӯза аз ҷониби Путин дар ҳолест, ки тими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо баргузории гуфтугӯҳои алоҳида бо ҷониби Русия ва Украина талош доранд, ки ба ҷанги сесола хотима бахшанд, аммо ҷонибҳо то ҳол ба созишҳои назаррасе нарасидаанд.