Дар дарахтзорҳои атрофи шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд оташсӯзии густурда идома дорад. Шоҳидон мегӯянд, ки чанд рӯз боз оташ фурӯкаш намекунад ва ба худи шаҳрак наздик шуда истодааст.
Сабрина Ғафурзода, як корбари фаъоли Фейсбук, дар саҳифаи худ чанд аксу видеое аз ҷараёни оташсӯзӣ нарш кардааст, ва дар сабт садои шахсе шунида мешавад, ки мегӯяд: «Шамол сахт, хомӯш кардани оташ душвор!»
Сабрина бо интиқод аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навиштааст: “Сӯхтор аллакай ба шаҳраки Адрасмон наздик шуда истодааст! Вакте як арчаро мешикананд, кормандонатон «протокол» тартиб медиханд, вале ҳоло хама сухта истодааст, кучоро нигох мекунед Шумо”
Бо вуҷуди паҳн шудани наворҳо ва шикояти шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, то лаҳзаи омодасозии ин гузориш дар саҳифаи расмии Фейсбук ва сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин дар сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ягон иттилоъ ё вокуниши расмӣ дар бораи оташсӯзии дарахтзорҳои атрофи Адрасмон нашр нашудааст.
Ба гуфтаи бархе шоҳидон, яке аз фарзияҳо ин аст, ки эҳтимол ин оташсӯзӣ аз шиддати гармо ва хушксолии тобистон сар зада бошад, аммо ин фарзияро то ҳол касе аз мақомоти расмӣ тасдиқ накардааст. Инчунин то ҳол ягон ниҳоди расмӣ сабаби расмии ин оташсӯзӣ ё ҳаҷми зарари расида ба дарахтзорҳоро эълон накардааст.
Инчунин, мардум ва фаъолони маҳаллӣ аз мақомот хостаанд, ки ҳарчи зудтар барои пешгирӣ аз паҳншавии оташ чораҳои амалӣ андешанд. Зеро дар сурати идома ёфтани сӯхтор, хатари расидан ба худи шаҳрак ва хонаву манзилҳои мардум низ афзоиш меёбад.