33.9 C
Dushanbe

Озодӣ ва бозгашти 12 шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон ба ин кишвар

12 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон боздошт шуда буданд ба ватанашон баргардонида шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон  дар минтақаи Ботканд хабар дод.

Гуфта мешавад, ки панҷ нафари боздоштшудаҳо зодагони вилояти Ботканд, ду нафари дигар аз Ӯш мебошанд. Ҳамчунин моҳи феврал ду сокини Бишкек озод карда шуда буданд.

“Дар Тоҷикистон шаҳрвандони мо айбдор дониста шуда, ба ҷарима маҳкум шуданд ва аз толори суд озод карда шуданд. Қаблан, пас аз музокироти ваколатдори ҳукумат дар вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев бо ҳамтои тоҷики худ Раҷоббой Аҳмадзода се қирғизистонӣ ба ватани худ баргаштанд. Инҳо на дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар минтақаи марзӣ боздошт шуда буданд. Ба онҳо ҳушдор дода шуд ”, – гуфтанд дар ин бора аз хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори ҳукумат дар минтақаи Ботканд.

Дар ҳоли ҳозир 15 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон дар боздошт қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 16 феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон барои вайрон кардани марзи давлатӣ, ҳангоми кӯшиши ғайриқонунӣ содир кардани 900 кило металл, ду сар чорвои калони шохдор ва се саршумори чорвои майда боздошт шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.