23.9 C
Dushanbe

Паҳподҳои Русия дар осмони Лаҳистон

Шаби 9-10-уми сентябри соли ҷорӣ, ҳангоми ҳамлаҳои густурдаи ҳавоии Русия ба Украина, чандин паҳподи Русия вориди ҳарими ҳавоии Лаҳистон шуданд, ки артиши ин кишвар бо кумаки нерӯҳои НАТО чанде аз онҳоро раҳгирӣ карданд.

Расонаҳо дар истинод ба нахуствазири Лаҳистон Доналд Туск хабар додаанд, ки дар соатҳои гуногун ҳадди ақал 19 ҳолати нақзи ҳарими ҳавоии ин кишвар аз ҷониби паҳподҳои Русия сабт гардидааст.

Гуфта мешавад, аксари ин паҳподҳо аз Беларус вориди Лаҳистон шуда, қисме аз онҳо нобуд карда шуданд ва қисми дигараш сӯйи Украина парвоз кардаанд. Шумораи дақиқи паҳподҳои мавҳшуда маълум нест, аммо расонаҳо шумори онҳоро аз 3 то 8-то мегӯянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Лаҳистон марзҳои худашро пурра бо Беларус аз рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ ба хотири машқҳои низомии Русияву Беларус баста буд.

Тибқи гузоришҳо, пораҳои паҳподҳо ба чанде аз деҳаҳо дар шарқи кишвар афтодаанд ва чанд бинои манзиливу як мошин зарар дидааст. То замони нашри ин матлаб ҳеҷ маълумоти расмӣ дар бораи талафоти инсонӣ оварда нашудааст. Ҳамчунин фаъолияти баъзе фурӯдгоҳҳо ба таври муваққат қатъ карда шуда, қисми фазои ҳавоӣ барои тозакорӣ ва корҳои ҷустуҷӯву наҷот муваққатан баста шуд.

Ҳукумати Лаҳистон вуруди паҳподҳоро амалкарди душманона хонд, ки ҷони шаҳрвандонро ба хатар андохтааст ва нахуствазир Доналд Туск гуфт, кишвараш дар наздиктарин замон ба вуқуи як даргирии низомӣ аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум қарор гирифтааст ва вазири хориҷаи ин кишвар Радослав Сикорский гуфтааст, ки банди чаҳоруми паймони НАТО-ро фаъол кардаанд.

Дар НАТО низ, ки Лаҳистон шомили ин паймон аст, тасдиқ кардаанд, ки дар амалиёти раҳгирӣ ва сарнагунии паҳподҳо нерӯҳои ин паймон аз кишварҳои мухталифи узв ширкат доштанд ва ҷаласаи изтирории машваратӣ барои табодули маълумотҳо гузарондаанд.

Аммо НАТО то ҳол ин ҳодисаро ҳамлаи мустақили Русия ба Лаҳистон унвон накарда, танҳо раҳбари ин паймон Марк Рютте таъкид кардааст, ки таҳлили пурраи ин ҳодиса идома дорад ва ҳар сантиметри қаламрави НАТО-ро муҳофизат хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол фармондеҳи Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Беларус Павел Николаевич изҳор дошта, ки қисми аз паҳподҳо бинобар халал дар кори электроника аз масирашон хориҷ шудаанду як қисмашро системаҳои дифои ҳавоии Беларус раҳгирӣ кардаанд. Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки Беларус кишварҳои ҳамсоя Лаҳистон ва Литваро дар бораи паҳподҳо огоҳ кардааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар вокуниш ба ин хабар гуфта, ки дар ин бора шарҳе намедиҳад, чун ин дар доираи ваколати ӯ нест ва ин ваколати Вазорати дифои Федератсияи Русия аст. Аммо то ҳол Вазорати дифои Русия дар ин бора чизе нагуфтааст.

Ин бори аввал нест, ки пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина дар соли 2022, силоҳҳои низомии Русия ҳарими ҳавои Лаҳистонро убур карда вориди хоки ин кишвар мешаванд. Ҳадди ақал то ин рӯз 5 бор чунин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки нигаронии сокинонро ба бор овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия: Муҳоҷирон хонаводаҳяшонро ба худ наоранд!

9-уми сентябри соли ҷорӣ, вакилон ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи "манъи вуруди аъзои оилаи муҳоҷирон" ба ин кишварро пешниҳод карданд.

Ҳамлаи Исроил ба чор кишвари арабӣ дар як рӯз

Исроил баъд аз зуҳри 9-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади аз байн бурдани раҳбарони ҲАМОС ба Давҳаи Қатар ҳамлаи мушакӣ кард.

Тайи 34 сол дар Тоҷикистон 3,7 миллион ҷойи корӣ таъмин шудааст

Бар асоси маълумоти расмӣ, мақомоти Тоҷикистон дар давоми 34 соли истиқлоли худ, 3,7 миллион ҷойҳои кории нав ташкил кардааст.

Пагоҳ муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия ба охир мерасад

Фардо, 10-уми сентябри соли 2025, муҳлати додашуда ба шаҳрвандони хориҷӣ барои қонунӣ гардондани будубошашон дар Русия ба поён мерасад.