26.9 C
Dushanbe

Падари К.Устопириён дар садамаи маргбор гумонбар шуд

Усто Устопиров падари паҳлавони шинохтаи тоҷик, Комроншоҳи Устопириён дар садамаи маргбор гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ин садамаи маргбор рӯзи 10-уми декабр дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода, бар асари он Баҳром Ҳоҷиеви 50-сола зери чархи мошини Усто Устопиров ҷон бохтааст.

“Усто Устопиров, таҳти идораи автомашинаи “Киа Спортейҷ” рақами қайди давлатиаш ТҶ 0082 ВО02 ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, километри 296, ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Баҳром Ҳоҷиев соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Ёваро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намуд. Дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.”- хабар додаанд аз Раёсати корҳои дохилаи Суғд ба расонаҳо.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ дар роҳе, ки садама рух додааст, аломати роҳи пиёдагард дида намешавад ва маълум нест, ки Баҳром Ҳоҷиев чаро аз ин қисмати роҳ убур кардааст.

Гуфта мешавад, раёсати корҳои дохила ба таҳқиқи садама шуруъ карда мошини Усто Устопировро ба экспертизаи автотехникӣ супурдаанд. Худи Устопиров бо модаи 212, яъне “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт” муттаҳам мешавад.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки Усто Устопиров дар боздошт қарор дорад ё дар озодӣ, аммо наздиконаш ба расонаҳо гуфтаанд, ки вазъи саломатии устоди шинохтаи варзиши куштӣ хуб нест.

Усто Устопиров, падари варзишгарони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ ва Фаридун Устопириён ва устоди шинохтаи куштӣ аст. Ӯ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид.