26.9 C
Dushanbe

Падари панҷгоникҳо аз Ҳукумати кишвар хона хост

Падари панҷгоникҳо аз Ҳукумати кишвар дар шаҳри Душанбе барои нигоҳубини фарзандонаш хона хостааст. Мақомот гуфтаанд, дар ноҳияи Қубодинён барояш манзили нав месозанд.

Як ҳафта қабл сокини 30-солаи ноҳияи Қубодинён Дилноза Маматова дар   тавалудхонаи №1 шаҳри Душанбе панҷгоник – ду писар ва се духтар таваллуд кард.

Раҳмон Нурмуродов падари навзодон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар шароити деҳа нигоҳубини тифлакон имконпазир нест, боз дар замоне, ки дар деҳот лимити барқ ҷорӣ гардида аст. Аз ин хотир ӯ аз Ҳукумати кишвар тақозо кардааст, ки барояшон дар шаҳри Душанбе хона диҳанд.

Дар идома гуфтааст, “дар хона як писару як духтар дорам. Падару модарам, боз хоҳарам бо оилааш дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Ошхонаи хуб надорем. Аз тарафи Ҳукумат каме кумак карданд, вале барои кӯдакон дар оянда шароит нест”.

Раҳмон Нурмуродов падари панҷгоникҳо

Аз Ҷаноби олӣ, аз роҳбари шаҳри Душанбе умед дорем, ки ягон хона аз Душанбе диҳанд. Барои ояндаи кӯдакон бисёр кори хуб мешавад”, – гуфтааст, падари панҷгоникҳо.

Нурмуродов низ мисли дигар шаҳвандони Тоҷикистон чархи зиндагии худро бо пули муҳоҷират пеш мебарад, ба гуфти ӯ имсол бо сабаби баста будани роҳҳо ба муҳоҷират рафта натавонист ва як сол боз бе ҷои кор ва даромад будааст.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аллакай меъморон тарҳи бунёди манзилро дар ҳавлии бобои панҷгоник омода кардаанд.

Ба гуфтаи Маъмурзода, “ин бино сеҳуҷрагӣ буда ва ҳамчунин даҳлезу ошхона ва ҳаммом хоҳад дошт. Барои нигоҳубини кӯдакон ҳамшираи шафқати доимӣ ва ҳам табиб то як муддати муайян вобаста мешаванд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид. 

Истеъфои сармуррабии футбол

Сармураббии дастаи пуровазадори "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода аз мақомаш истеъфо дод.

Ҳалокати як ҷавони тоҷик бар асри раъду барқ

Бар асри боришоти зиёди жола ва зарби раъду барқ дар бархе манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон як нафар ба ҳалок расидааст.