Пайдо шудани қабрҳои махфӣ пас аз даргириҳои ахир дар Алмаато

Бино ба иттилои расмӣ, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон қабрҳои махфие пайдо шуда, ки дар онҳо гӯё шахсони силоҳбадаст, ки ҳангоми даргириҳои ахир кушта шуданд, ба сурати гурӯҳӣ дафн карда шудаанд.

Ба гузориши канали телеграмии “Фоҷеаи Алмаато”, ки хабарҳои расмии Қазоқистонро дар мавриди бетартибиҳои ахири ин кишвар нашр мекунад, маълумот дар бораи кашфи макони дафни силоҳбадастони кушташударо мақомоти расмӣ тасдиқ карданд.

Манбаъ аз қавли Салтанат Азирбек, намояндаи Ҳизби демократи шаҳри Алмаато менависад: “Бале, ман ин маълумотро тасдиқ мекунам. Қабрҳои махфӣ ба хотири мушкил кардани раванди шинохти ҳувияти шахсони иштироккунанда дар бетартибиҳо анҷом дода шудааст”.

Ҳамзамон раиси идораи пулиси шаҳри Алмаато Қанат Таймерденов мегӯяд, “маълум шуд, ки дар ҷараёни ошӯб тақрибан ҳафт ҳамла ба сардхона сурат гирифта, ҷасади 41 кушташуда аз сӯи афроди номаълум рабудааст.”

Аммо ин дар ҳолест, ки таҳлилгарони мустақили ин кишвар мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд худи низомиёни давлатӣ нафарони зиёдеро куштаанд ва ин ҷиноятро ба сари силоҳбадастони номуайян мезананд. Ҳатто худи худи Президент Тоқаев фармон дода буд, ки ба сӯи мардум бидуни огоҳӣ оташ кшоянд. Ва ҳамла ба сардхонаову дафнҳои якҷоя баҳонаи пӯшидани ҷиноятест, ки ҳукумат бар сари гурӯҳҳои силоҳбадаст бор мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.