23.9 C
Dushanbe

Панҷумин ҳолати марги зодагони Бадахшон дар зиндонҳои Тоҷикистон

Дар соли 2025 дар зиндонҳои Тоҷикистон панҷ маҳбуси сиёсии зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фавтидаанд.

Сомонаи “Pamir Inside”, ки бештар ҳодисаҳои Бадахшонро пӯшиш медиҳад, 24-уми августи соли ҷорӣ, аз марги Боғшо Иматшоеви 67-сола, ки ҳанӯз 25-уми феврали соли ҷорӣ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд пас аз як моҳи кома вафот кардааст, хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 26-уми январи соли 2025 фишори хуни Иматшоев дар зиндони рақами 3/5-и шаҳри Хуҷанд ногаҳон боло рафта, вазъи саломатияш бад шудааст. Аммо кормандони зиндон ёрии таъҷилиро пас аз чор соат даъват карданд, ки дар натиҷа, Иматшоев сактаи майна гирифта, ба кома афтодааст. Ӯ дар беморхона қариб як моҳ беҳуш буд ва сипас даргузашт.

Манбаъҳо гуфтаанд, ки пештар ӯ ягон мушкили ҷиддии саломатӣ надошт ва бад шудани ногаҳонии саломатиаш ғайричашмдошт буд.

Гуфта мешавад, Боғшо Иматшоев соли 2023 баъди бозгашт аз Русия аз ҷониби кормандони КДАМ дар Хуҷанд дастгир ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд.

“Pamir Inside” мегӯяд, ки дар давраи саркӯбҳо дар ВМКБ (ноябр 2021 – июни 2022) Иматшоев дар пахшҳои зиндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” иштирок карда, дар мавриди рӯйдодҳо дар ин вилоят назарашро баён мекардааст.

Бояд гуфт, Боғшо Иматшоев панҷумин зодаи Бадахшон аст, ки дар соли ҷорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон мефавтад. Пештар аз ӯ расонаҳо аз марги Аслан Гулобови 35-сола, Кулмамад Паллаеви 50-сола, Эроншо Мамадраҳимови 39-сола ва Музаффар Давлатмиров 61-сола хабар дода буданд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон марги ин фаъолони зодаи Бадахшонро дар зиндонҳои кишвар шарҳ надодаанд.

Бори охир 8 созмони ҳуқуқи башарӣ дар изҳороте аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо ва марги чанд тани онҳо дар зиндонҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ин созмонҳо гуфта буданд, ки шароити номусоиди зиндонҳо, набудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва марги зиндониён дар боздоштгоҳҳо мушкили системавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Инчунин аз давлатҳои ҳамсоя ва Русия хоста буданд, ки дар таъқибҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накунанд ва аз кишварҳои ҳомии ҳуқуқ талаб карданд, ки алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

400 сомонӣ барои аксгирӣ аз Кохи Наврӯз

Як корбари Фейсбук бо нашри навори видеоие шикоят карда, ки ҳангоме мехост аз Кохи Наврӯз акс ва наворбардорӣ кунад, аз ӯ 400 сомонӣ талаб кардаанд.

Дар Ғазза боз 4 рӯзноманигори дигар кушта шуд

Бар асари ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Хон-Юнус дар Ғазза 4 рӯзноманигор, аз ҷумла як наворбардори шабакаи "Ал-Ҷазира" кушта шуданд.

Олмон парвандаи Дилмуродро аз нав баррасӣ мекунад

Додгоҳе дар шаҳри Дюсселдорф Олмон қазияи шаҳрвандии ихроҷшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Эргашевро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар Русия фаъолияти диаспораҳо манъ ва қоидаҳои ҷалби коргарони хориҷӣ сахттар мешавад?

Дар Думаи давлатии Русия чораҳои наве барои маҳдуд кардани шароити кор ва қоидаҳои тоза барои ҷалби муҳоҷиронро баррасӣ карданд.