Парлумони Аврупо бо судури як қатънома аз саркӯби расонаҳо ва журналистони мустақил дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, 18-уми январи соли 2024 парлумони Аврупо бо судури як қатънома дар бораи “саркӯби давлатӣ алайҳи расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон” гуфт, ки мақомот фишор болои расонаҳо ва журналистонро то ҳол идома медиҳад.
Дар ин қатъномаи пармулони Аврупо таъкид шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф садди роҳи кори хабарнигорони тоҷик дар Радиои Озодӣ ва “Азия-Плюс” мешаванд ва инчунин мақомот хешутабор ва пайвандони журналистони Azda tv-ро, ки дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд, дар Тоҷикистон зери фишор қарор медиҳанд.
Инчунин ПА саркӯбҳои давомдор алайҳи расонаҳои мустақил, мунаққидони ҳукумат, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшиносони мустақилро бо истифода аз қонуни зидди ифротгароӣ ва баста шудани сомонаҳои “Pamir Daily News”, “Akhbor.com” ва саҳфаи “Тоҷикистони нав 2” -ро маҳкум кардааст.
Парлумони Аврупо дар ин қатъномаи худ меафзояд, мақомоти Тоҷикистон бо истифода аз Қонуни ҶТ дар бораи терроризм ва Қонуни ҶТ дар бораи ифротгароӣ иддае аз журанлистони мустақили Тоҷикистон ба мисли Завқибек Сайидаминӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Улфатхоним Мамадшоева, Хушрӯз Ҷумаев ва Хуршед Фозиловро аз 7 то 20 сол ба зиндон кардаанд.
Дар ин қатънома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон бар асоси таъаҳуддоти худ дар назди созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои дунё бояд муҳити корӣ барои расонаҳо ва фаъолони мадание, ки дар бахши ҳуқуқи башар кор мекунанд, тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар таъмин намояд.
Муаллифони ин қатънома таъкид кардаанд, ки фаъолияти озоду мустақили расонаҳо ва созмонҳои иҷтимоӣ бунёди ҳар як ҷомеаи демократӣ аст ва вазъи озодии баён бояд ҳангоми баррасии дархости Тоҷикистон барои пайвастан ба GSP+ ба эътибор гирифта шавад.
Парлумони Аврупо аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ҳамагуна фишору таҳдид ва шиканҷаи рӯзноманигорон, фаъолони ҳуқуқи башару адвокатҳоро, ба мисли Манучеҳр Холиқназаров ва Бузургмеҳр Ёров қатъ кунад. Парлумони Аврупо муътақид аст, ки ин афрод бо ангезаҳои сиёсӣ ва бар асоси ҳукмҳои ноодилона дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Ба ҳамин хотир Ҳукумати Тоҷикистон бояд бидуни чуну чаро онҳоро аз зиндонҳо озод кунад.
Инчунин аз созмонҳо ва кишварҳои дунё хоста шудааст, ки назорат барои таъмини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро идома диҳанд. Ва ба журналистон ва фаъолони ҳуқуқи башарие, ки барои хориҷ шудан аз кишвар ниёз доранд, гирифтани раводидро осонтар кунанд.
Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки яке аз ниҳодҳои муътабари дунё аз вазъи ҳуқуқи инсон ва саркӯби расонаҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Пеш аз ин ҳам Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ низ ҳамагуна фишору таҳдид ва таъқиби рӯзноманигорон дар Тоҷикистонро маҳкум карда буданд.