23.9 C
Dushanbe

Парлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро тасвиб кард

Рӯзи сешанбе, 18-уми марти соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон созишномаи марзӣ бо Қирғизистон ва ду ҳуҷҷати дигари марбут ба масъалаҳои марзиро ба тасвиб расонид.

Гуфта мешавад, ин охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон аст, ки пас аз он давраи вакилии баъзе вакилон поён меёбад ва аз фардо аввалин иҷлосияи даъвати ҳафтуми парлумони Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

Тавре дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод, дар ин нишасти поёнӣ, ки бо ҳузури аксари вакилон баргузор гардид, дар канори дигар фаъолиятҳо, шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон вобаста ба тавофуқоти марзӣ ба имзо расид.

Дар зимн вакилон ду санади дигари вобаста ба марз – созишнома байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ ва созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, беҳбудбахшӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингардро ба тасвиб расониданд.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Рӯзи 27-уми феврал Тошиев дар парлумони Қирғизистон аз раванди ин музокирот ва натиҷаҳои он гузориш дод ва вакилон созишномаро баррасӣ карданд. Аммо то ҳол маълум нест, ки Ятимов дар назди вакилони тоҷик гузориш додааст ё на, инчунин то чӣ ҳад содиқона баррасӣ шудани ин масъала аз ҷониби вакилони Тоҷикистон низ ҷойи суол аст.

Ва ҳамин тавр Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми март марҳилаи ниҳоии созишномаи марзиро бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон ба имзо расонид.

Ба гуфтаи мунтақидон, Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи марзӣ ва ҳудудӣ гузашти зиёде кардааст. Аз ҷумла, вақте Қамчибек Тошиев созишномаро дар парлумони Қирғизистон муаррифӣ мекард, гуфта буд, ки ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашидаанд на ба маводи солҳои 1924-1927, ки қаблан истифода мешуданд ва Тоҷикистон исрор дошт, ки аз рӯи он марзҳо муайян шаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.