30.9 C
Dushanbe

Парвозҳои байни Тоҷикистону Белорус оғоз шуданд

Ширкати “Сомон Эйр” эълон кард, ки дар моҳи декабри имсол ба шаҳри Минск даҳ парвоз анҷом медиҳад.

Мусъалини ширкати “Сомон Эйр” ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки парвоз ба пойтахти Белорус бо риояи чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.

Дар изҳороти рӯзи якуми декабир нашр кардаи ширктаи ҳавопаймои омадааст, ки “Мусофироне, ки таби баланд доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”.

Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки аз мусофирон нусхаи маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19 (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ талаб кара мешавад, барои кӯдакони то 3-сола чунин маълумотнома  лозим набудааст.

Гуфта мешавад, парвоз ба Минск ба онҳое иҷозат дода мешавад, ки бо ҳадафи транзит ё парвоз ба кишварҳои дигар ба пойтахти Белорус сафар мекунанд.

Барои ин гурӯҳи мусофирон доштани билети нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест) ҳатмӣ мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...