4.9 C
Dushanbe

Патент барои муҳоҷирон қимат мешавад

Ба Думаи вилояти Волгоград лоиҳаи қонун дар бораи боло бурдани қимати “патент” барои муҳоҷирони корӣ пешниҳод шудааст.

Агар ин тарҳи қонун қабул шавад, пешпардохти андоз аз даромад ё нархи “патент” 2009 рубл боло рафта, ба 6912 рубли русӣ баробар хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони корӣ барои ин санад моҳона 4903 рубл пардохт мекунанд.

Муаллифони ин тарҳ афзоиши арзиши патентро бо афзоиши маоши миёна дар вилояти Волгогради Русия ва бо зарурати ҳифзи ҳуқуқи сокинони маҳаллӣ дар бозори меҳнат рабт додаанд.

Ба иддаои ҳукумати вилоят, дар соли 2023 афзоиши музди меҳнат ба ҳисоби миёна 12,9% ва дар соли 2024 – 10,6%-ро ташкил хоҳад дод.

Коршиносон воқеияти ин рақамҳоро зери суол гузошта мегӯянд, ки боло бурдани нархи “патент” ба ҷайби муҳоҷирони кории тоҷик зарбаи калон мезанаду мушкилоташонро боз ҳам бештар хоҳад кард.

Аммо мақомоти вилояти Волгоград бо боло бурдани арзиши “патент” барои муҳоҷирон нақша доранд, ки дар давоми соли 2024 ба буҷаи вилоят тақрибан 1,1 миллиард рубли иловагӣ ворид кунанд, ки ин назар ба давраи пеш аз Covid-19 ду баробар зиёд аст.

Пештар аз ин, дар моҳи августи соли ҷорӣ намояндагони ҳизби “Справедливая Россия” бо роҳбарии Сергей Миронов тарҳеро омода карда, ба Думаи давлатии Русия пешниҳод карда буданд, ки тибқи он, нархи “патент” 4 баробар боло бурда мешавад.

Сабаби яку якбора афзудани нархи “патент”-ро намояндагони ҳизби миллатгарои “Справедливая Россия” ба афзоиши нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа рабт дода буданд.  

Сергей Миронов борҳо дар расонаҳо ва дар Думаи давлатии Русия бар зидди муҳоҷирон суханронӣ карда, ҳизби ӯ чандин тарҳҳои қонунеро омода кардааст, ки кори муҳоҷиронро дар Русия хело маҳдуду мушкил мекунад.

Аз ҷумла, ин ҳизб тарҳи қонунеро ба Думаи Русия пешниҳод кардааст, ки тибқи он, муҳоҷирони корӣ дар мактабҳо, таксӣ ва муассисаҳои тиббӣ кор карда наметавонанд.

Ба гуфтаи бархе муҳоҷирони муқими Русия, солҳои ахир ба таври чашмгир дар ин кишвар фазои муҳоҷирбадбинӣ авҷ гирифтааст ва аксар мақомдорони ин кишвар зидди муҳоҷирон дар минбарҳои гуногун суханронӣ намуда, хостори ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан бо Тоҷикистон ва ё надодани шаҳрвандӣ ба онҳо шуда истодаанд.

Инчунин ҳафтае пеш Вазорати корҳои дохилии Русия дар тарҳе пешниҳод кард, ки кушодани ҳисоби бонкӣ, сабтиноми мошин ва моликияту бастани ақди никоҳро ба муҳоҷирони будубошашон ғайриқонунӣ манъ кунанд.

Пештар аз ин вакилони Думаи давлатии Русия як лоиҳаи қонунро пешниҳод карданд, ки ҳадафаш аз байн бурдани издивоҷҳои қалбакии муҳоҷирон бо шаҳрвандони ин кишвар гуфта мешавад. Аммо дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, тартиби додани ҳаққи иқомати муваққатӣ (РВП) барои хориҷиёне, ки бо шаҳрвандони Русия издивоҷ кардаанд, сахттар хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.