9.9 C
Dushanbe

Паём чӣ паём дошт?

Паёми ғайришаффоф. Стротежии милии рушд тайи се сол такмил мешавад?

Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон барои соли 2026 дар 16-уми декабри имсол ба парлумони кишвар ироа шуд. Ин паём, ки аз лиҳози назарӣ, бояд ҳисоботи раисҷумҳур аз амалкарди ҳукумати кишвар тайи як соли ахир назди парлумон бошад, шабеҳ ба як дарси назарӣ ба тамоми мақомот аст. Аз тарафи дигар бар асоси фарҳанги хонаводаӣ дар Тоҷикистон, кадом падаре ба писар ҳисобот дода, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ бидиҳад?

Стротежии миллии рушд ва тақдири миллат

Паёми раисҷумҳур ба парлумон дар ҳоле сурат гирифт, ки чанд рӯз қабл аз он доду бедоди мардум аз бебарқӣ дар пойтахт шабакаҳои иҷтимоиро “метарконд”. Ҳол он ки барқ на танҳо барои мардум дар зимистон аз василаҳои зарурист, балки ба эътирофи Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои барномаҳои муҳими ҳукумати кишвар низ ба он пайванд хӯрдаанд. Пас аз сулҳ дар соли 1997 ҳукумати кишвар гӯё дар талоши ҳалли ин масаъала аст, ки дар ин матлаб ба сурати иҷмолӣ пайванди барқ бо барномаҳои ҳукуматиро баррасӣ мекунем.

Дар ин паёмаш Эмомалӣ Раҳмон аз Стротежии миллии рушд ёдовар шуд. Ба иддаои раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ростои татбиқи Стротежии милии рушд иқдомоти муҳиме амалӣ шудааст, аммо кадом иқдомот, мушаххас нест. 

Ин стротежӣ, ки соли 2015 муаррифӣ шуд, бояд то 2030 такмил шавад. Муҳимтарин буъди он ин аст, ки бояд Тоҷикистонро аз як кишвари кишоварзӣ ба кишварӣ саноатӣ табдил диҳад. Вобаста ба шарҳи фаротари ин стротежӣ бояд гуфт, он фаротар аз се ҳадафи стротежӣ – раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, таъмини истиқлоли энержӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ нест, ҳол он ки ин аҳдоф ҳанӯз дар ибтидои ин асри 21 аз тарафи раисҷумҳур эълон шуда ва зоҳиран то ҳанӯз иҷроӣ нашудаанд. 

Дар стротежии 15-сола, ки панҷ сол баъд бояд иҷроӣ шавад, танҳо “истифодаи самарабахши неруи барқ” ҷузъи таъмини истиқлоли энержӣ, “табдил ба кишвари транзитӣ” қисмате аз раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, “дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат” ба унвони бахше аз амнияти ғизоӣ изофа шудаанд. “Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул” дигаре аз ҷузъҳои муҳими он аст. Ҷолиб ин аст, ки сармоягузории беш аз чиҳилдарсадии иҷрои ин стротежӣ ба бахши хусусӣ таҳмил шудааст. Ҳол он ки ин бахш дар кишвар низ вазъи устуворе надорад. Масалан, дар соли 2023 33 ҳазор соҳибкор сабти ном шудааст, аммо 25,1 ҳазор соҳибкори дигар фаъолияти худро катъ кардааст.

 Гузашта аз ин раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2009 дақиқан зимни ироаи паёмаш гуфта буд, ки “таъмини иҷрои барномаҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодӣ, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015-ум бармеояд, ки ба ҳалли мушкилоти энергетикии кишвар вобаста…” аст. Аммо бо гузашти 16 сол аз он рӯзгор то ҳол вазъи Тоҷикистон дар ин хусус беҳбуд наёфтааст, яъне мушкили барқ боқист. Пас, мантиқ далолат ба ин мекунад, ки Стротежии миллии рушди то соли 2015 нокомил боқӣ монда, зеро то ҳанӯз бахши муҳими он, ки мушкилии барқ аст, роҳҳале пайдо накардааст. Дар ҳоле ки кишвар бо барқи доимӣ таъмин нест ва раисҷумҳур стратегияи рушдро низ ба он пайванд медиҳад, чӣ тавр метавон бовар кард, ки он иҷро шудааст?

Бояд гуфт, аввалин ваъдаи раисҷумҳур дар бораи ба афсона табдил шудани бебарқӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 садо дода буд. Бори дувум ин ваъда соли 2024 такрор шуд. Аммо ҳарчанд дар соли 2018 поёни бебарқӣ дақиқ эълон нашуд, вале дар солҳои 2024 ва 2025 ӯ гуфт, ки соли 2027 лимити барқ дар кишвар аз миён бардошта мешавад. Зимнан суоли калидӣ ин аст, ки агар соли 2027 танҳо заминаи иҷро шудани қисматҳои Стротежии миллии рушд фароҳам шавад, тайи се соли баъдӣ, то соли 2030 стротежӣ такмил мешавад? Ё агар такмил нашавад, бо дигар ном муҷаддадан барои 30 соли дигар муаррифӣ мешавад? Зеро аз мутолиаи стротежии то соли 2030 бармеояд, ки дар маҷмуъ он иборат аз ҳадафҳое, ки дар солҳои 2000-ум эълон шуда буданд, аст. Пас, бардошти мантиқӣ ин аст, ки чун барномаҳо ҳалношуда боқӣ монданд, стротежии ҷадид ҳам онҳоро шомил шуд. 

Маълумоти нодуруст ё духӯрагӣ дар як суханронӣ?

Дар ҳоле ки барномаҳои тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ гиреҳ мехӯрад, президент дар паёмаш ба парлумон бо бартарӣ додани фанноварӣ мегӯяд, “то ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти нерӯи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ 30 – 40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт намекард”. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Радиои Озодӣ, президент мегӯяд, “Барқи тоҷик” гузориш медод, ки гӯё мардум 30-40 дарсади маблағи истифодаи барқро намесупоранд. Аммо ба гуфтаи президент, баъд аз ҷорӣ шудани низоми биллингӣ маълум шуд, ки аҳолӣ 100 дарсад пули барқро месупоранд”. Ин духӯрагӣ дар суханони раисҷумҳур тайи як паём аз чӣ мегӯяд? 

Ба назари банда, ин ҷо асли масъала аз тарафи президент гуфта намешавад, зеро агар мардум пули барқро насупоранд, сими барқи онҳо бурида мешавад, ки дар гузашта ин корҳо сурат мегирифтанд. Аз  тарафи дигар агар шаҳрвандоне, ки пули барқро намесупоранд, чаро ба додгоҳ кашида намешаванд ва ин гуна хабарҳоро расонаӣ намекунанд, дар ҳоле ки чун хурдтарин иқдоми нақзи қонун аз тарафи мақомоти пулис кашфу сабт шавад, он дарҳол расонаӣ мешавад. Дигар ин ки агар аҳолӣ пули барқро месупорад, он пул куҷо мешавад, ки идораи фурӯши барқ онро дарёфт ва ба буҷа баргардонда наметавонад?

Рушди иқтисод 

Иддаои дигари раисҷумҳур дар заминаи рушди дарсади иқтисод аст, ки инро ҳам метавон дигаре аз бахшҳои стротежӣ гуфт. Ба гуфтаи ӯ, тавсеаи солонаи иқтисоди Тоҷикистон 8,7 дарсад аст. Барои фароҳам кардани шароити рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ 670 миллиард сомонӣ аз маҷмуи манобеъ маблағгузорӣ шудааст, ки 159 миллиард сомонии он маблағгузории хориҷӣ аст. Дар ҳоле ки раисҷумҳури кишвар мушаххасан манбаи тавсеаи иқтисодиро нагуфтааст, Бонки ҷаҳонӣ бо таъйиди ин рушд онро ба пули ирсолии муҳоҷирон муртабит медонад, ки дар соли 2024 49 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил кардааст. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон мизони фақр дар кишварро 19 дарсад гуфт, ки ба эътирофи Бонки ҷаҳонӣ, коҳиши мизони фақр низ ба пули ирсолии коргарони муҳоҷир муртабит аст. Пас Ҳукумат ин ҷо чӣ нақш дорад? Ин суолест, ки президенти кишвар ва раиси ҳукумати он бояд посух гӯяд, ки намегӯяд.

Албатта, афзоиши ҳарсолаи маоши кормандони буҷавӣ ва ҳамчунин нафақаи афроди бознишастаро метавонад ҳукумат аз “дастовард”-ҳои худ дар ҷиҳати таҳаққуқи Стротежии рушд эълон кунад, ки имсол дар моҳи сенятбр 20-25 ва нафақаи бознишастагӣ 15 дарсад афзуда мешавад. Ин дар ҳолест, ки маоши миёнгин дар Тоҷикистон 2 665 сомонӣ ё ҳудуди 280 дулор аст ва бисту панҷ дарсади он 666 сомонӣ мешавад. Тасаввур кунед, ки бо маоши 3,331 сомонӣ магар метавон дар Тоҷикистон умед ба зиндагии шоиста дошт? Ҳол он ки қабл аз афзудани маош, ҳар баҳор қимати барқ ва хадамоти коммуналӣ низ боло меравад. Агарчи мизони афзоиши он ба ҳадди маош нест, аммо қисмате аз афзоиш барои барқ масраф мешавад. Гузашта аз ин таварруми солонаро сойти расмии Бонки миллии Тоҷикистон 3,2 дарсад эълон кардааст ва ҳоло мушаххас нест, ки ин мизон дар соли 2026 чанд дарсад хоҳад буд. 

Хулоса

Ба сурати хулоса метавон гуфт, паёми раисҷумҳур дар ин бахш ношаффофиҳои зиёде дорад. Аввал ин ки омили аслии барномаҳои ҳукумат – истифода аз барқ то ҳанӯз мушаххас нест, ки кай доимӣ мешавад. Ҳамчунин посухҳои ҳукумат дар бораи бебарқӣ ва ҳалли масъалаи он мардумро қонеъ накардааст, аз бебоварии онҳо дар баробари ҳукумат башорат медиҳад. 

Ҳамчунин аз афзоиши маош дар соли оянда дар ҳоле гуфта мешавад, ки бар асоси Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар моҳи августи имсол, арзиши маводи ғизоӣ дар бозори Тоҷикистон аз як то 85 дарсад афзоиш доштааст. Ба иттилои манбаъ, арзиши маводи ғизоие чун биринҷ, орд ва қанд аз шаш то як дарсад коҳиш доштааст. 

Ҳамин тариқ, агар дар соли 2027 ин масъала ҳал шавад, Стротежии рушди миллӣ тайи се сол метавонад амалӣ шавад? Дар посух ба ин суол бояд гуфт, ин кор баъид ба назар мерасад, зеро аҳдофе, ки дар он эълон шудаанд, беш аз 25 сол аст, ки дар атрофи онҳо фазосозӣ мешавад, аммо натаҷаи он то ҳол мушоҳида нашудааст. Бинобар ин, ин стротежӣ ҳам ба мисоли соири ваъдаҳо, бахусус эълони соли рушди бахшоҳое барои як ё якчанд сол ба фаромӯшӣ супорида мешаванду касе суроғашон намекунад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хазонрез – Истеъфои масъулони баландпояи ҲНИТ

Дар рӯзҳои охири соли ҷорӣ ду масъули баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз сафи ҳизб канор рафтанд.

Дар паси деворҳои симхорӣ чӣ мегузарад? Зиндонҳои Тоҷикистон ва бозӣ бо тақдири мардум

Мақомоти Тоҷикистон кӯшиш мекунанд дар бораи вазъияти дохилии зиндонҳо шарҳи зиёде надиҳанд.

Собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз зиндон озод шуд

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ва яке аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон аз зиндон озод шуд.

Таҳримҳои Аврупо бар зидди бонкҳои Тоҷикистон

Интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути бонкҳо ҳанӯз дучори мушкили ҷиддӣ нашудааст.