Дар давоми 11 рӯзи ҷанги Эрону Исроил вуруди Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон хабарсозтарин буда, вокунишҳои густардаи ҷомеаи ҷаҳониро дар пай дошт.
Бомдоди рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ бар иловаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон, Амрико низ барои ҳимоят аз Исроил вориди ҷанг шуд ва таъсисоти ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳонро мавриди ҳадаф қарор дод.
Мақомоти низомии Амрико баъдтар тафсилоти ин амалиётро шарҳ доданд. Ба гуфтаи онҳо, Амрико бо 7 ҳавопаймоҳои бомбафкани В-2, ки ҳаркадом 2 бомби 14-тонаро бо худ ҳамл мекарданд, аз худи Амрико парвоз карда, ба Эрон расиданд. Гуфта мешавад, ин ҳамла дар хоки Эрон ҳамагӣ 25 дақиқа тӯл кашидааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз ин ҳамла ба расонаҳо гуфт, “барномаи ҳастаии Эронро пурра аз байн бурдем, акнун Эронро мебояд дар мизи музокирот бишинад.” Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “Истифода аз истилоҳи “тағйири режим” аз назари сиёсӣ дуруст нест, аммо агар режими феълии Эрон натавонад, Эронро дубора бузург кунад, чаро набояд режим тағйир кунад?”
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Амрико дигар намехоҳад аз ин бештар вориди ҷанг шавад. Ва ҳатто Исроил ҳам ба поён додани ҷанг моил аст. Гуфта мешавад, Исроил, ки ҳоло худро барандаи ҷанг эълон кардааст, намехоҳад ин имтиёзро аз даст бидиҳад, зеро бо рӯбарӯ шудан ба мушакҳои харобиовари Эрон хавфи аз даст рафтани ин пирӯзиро дорад.
Бар асоси иттилооти расонаҳо, Исроил то кунун 25 вилояти Эронро мавриди ҳамла қарор додааст. Омори қурбониёни ин ҳамлаҳо дар маҷмуъ 4400 нафар эълон шудааст. Аз ин миқдор 950 нафарашон кушта ва 3450 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамзамон 640 шаҳрванди эронӣ бо иттиҳоми амниятӣ ва ҷосусӣ ба фоидаи Исроил боздошт шудаанд.
Ба назари таҳлилгарон, бо вуруди мустақими як нерӯи бузурги низомӣ, доираи буҳрон дар шарқ васеъ хоҳад шуд. Ҳамлаҳои имрӯзи Исроил ба шаҳрҳои Эрон гувоҳи он аст, ки вазъияти амниятӣ ҳамчунон буҳронӣ боқӣ монда, дурнамои равшане дар бораи коҳиши танишҳо вуҷуд надорад.
Гуфта мешавад, Исроил дар 11 рӯзи охир ба зерсохторҳои Эрон, минтақаҳои низомӣ ва ғайринтизомӣ, биноҳои масукунӣ ва ғайримаскуниро дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз, Ардабил, Исфаҳон, Кирманшоҳ, Ҳамадон, Занҷон, Қазвин, Қум, Мазандарон ва ғайра мавриди ҳамла қарор додааст.
Тавре шаҳрдори Теҳрон Муҳаммадсодиқ Муътамадиён гуфта, ки Исроил дар давоми 11 рӯзи гузашта 200 нуқтаро дар шаҳри Теҳрон бомборон кардааст.
Аммо аз ҷониби дигар, Эрон субҳи имрӯз ба Исроил бо мушакҳои дурбар ҳамла кард, ки Исроил ин ҳамларо “қавитарин ва дарозтарин” ҳамла аз оғози даргириҳои байни ду кишвар гуфтааст.
Мақомоти исроилӣ мегӯянд, Эрон дар 5 навбат бо 15 мушак ба шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфо ҳамла карда, ба зерсохторҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳими ин кишвар зарари ҷиддӣ ворид кардааст. Ширкати барқи Исроил эътироф карда, ки ба сабаби ҳамлаҳои Эрон ба зерсохторҳои барқӣ дар аксар минтақаҳои Исроил барқ қатъ шудааст.
Мутобиқи маълумоти расмӣ, дар давоми 11 рӯзи даргирӣ 25 исроилӣ кушта ва беш аз 1000 нафар захмӣ шудааст. Инчунин ба зерсохтооҳои муҳими ин кишвар ва бархе пойгоҳҳои низомии он низ зарар ворид шудааст.