Мақомоти амниятӣ ва марзбонии Узбекистон иттилоъ медиҳанд, ки зимни як амалиёти махсус аз қочоқи маблағи зиёд ба Тоҷикистон пешгирӣ карданд.
Тавре расонаҳои узбеситонӣ хабар медиҳанд, амалиёти пешгирӣ аз кӯшиши ғайриқонунии интиқоли маблағи бисёр бузурги нақдӣ ба Тоҷикистон дар шаҳри Бекабади вилояти Тошкант аз сӯи маъмурони Хадамоти амнияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ниҳоди гумруки Узбекистон анҷом шудааст.
Тафтишот муайян карда, ки як шаҳрванди маҳаллӣ, шаҳри Бекабад, соли таваллудаш 1991, қасд дошта бо роҳи қочоқӣ 18,68 миллион рубли русӣ, 140,7 ҳазор сомонии тоҷикӣ ва 180 миллион суми узбекиро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.
Барои пинҳон кардан ва интиқоли ин ҳаҷми маблағ, ӯ пулҳоро ба қисмҳо тақсим карда, 34 нафарро истихдом карда, ба ҳар кадом маблағи муайяне додааст, ки ин пулро интиқол диҳандд. Ҳамаи онҳо ҳангоми вуруд ба гузаргоҳи марзии “Фарҳод” дастгир шуданд.
Инчунин дар хабар гуфта мешавад, мақмоти амниятӣ ва марзбонӣ ҳангоми тафтишоти иловагӣ аз дохили як мошини тамғаи “Tracker”, ки ба қочоқбарон тааллуқ доштааст, маблағҳои иловагиро низ пайдо ва мусодира карданд. Аз ҷумла, аз ин мошин 13,54 миллион рубли русӣ, 24,1 ҳазор сомонии тоҷикӣ, 885 евро, 300 доллари ИМА, 300 юани чинӣ, 6 840 сомҳои қирғизӣ ва 10,2 миллион суми узбекӣ пайдо карданд. Ҳамаи маблағҳо дар бастабандиҳои алоҳида барои интиқоли баъдӣ ба Тоҷикистон омода шуда будаанд.
Дар маҷмуъ, маблағи мусодирашуда дар муқоиса бо асъори миллӣ узбекӣ беш аз 5,2 миллиард сум (зиёда аз 429 ҳазор доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.
Мақомоти Узбекистон мегӯяд, ҳоло ин сокини шаҳри Бекабад боздошт шуда, бар зидди ӯ тибқи банди “а”-и қисми дуюми моддаи 182 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Узбекистон (Интиқоли ғайриқонунии молу мулки асъорӣ тавассути сарҳади гумрукӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ ҳоло дар ҷустуҷӯи шахсони масъул ва соҳибони ҳақиқии маблағҳои мусодирашуда ҳастанд.
