7.9 C
Dushanbe

Пешниҳоди нави Амрико барои оташбас байни ҲАМОС ва Исроил

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе аз пешниҳоди нави тарҳи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил хабар дод.

Трамп мегӯяд, Исроил пешниҳоди нав дар мавриди озод намудани гаравгонҳо ва поён додани ҷанг дар Ғаззаро пазируфтааст, вале мунтазири ҷавоби ҲАМОС аҳстанд.

Раисҷумҳури Амрико дар баробари пешниҳоди намудани ин тарҳи худ гуфтааст, ки имкон дорад бо пазируфтани шартҳои пешниҳодӣ ҷанг дар Ғазза поён ёбад, вале ӯ таъкид карда, ки дар ҳоли напазируфтани шартҳояш аз ҷониби ҲАМОС ин “охирин огоҳӣ” ба онҳо хоҳад буд.

Хабаргузории амрикоии “Axsios” бо такя ба манобеи худ хабар дода, ки ҳафтаи гузашта фиристодаи Амрико дар Ховари Миёна Стив Витков ба ҲАМОС тарҳи созишномаи оташбасро пешниҳод кардааст. Зоҳиран, ин ҳамон чизест, ки Трамп имрӯз аз он хабар дод.

Ин расонаи амрикоӣ дар истинод ба ду манбаъ гуфтааст, ки тарҳи оташбаси наве, ки ҳукумати Трамп пешниҳод кардааст, озодии тамоми гаравгонҳо дар як дафъа аз ҷониби ҲАМОС ва дар иваз поён додани ҷанг дар Ғазза аз ҷониби Исроилро дар бар мегирад.

Манбаъ мегӯяд, бо қабули ҲАМОС Исроил маҷбур аст даст аз ишғоли Ғазза бардорад ва барои ворид шудани кумакҳои башардӯстона иҷозат диҳад.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии 12-и Исроил мегӯяд, ин тарҳ нуктаҳоеро дар бар мегирад, ки дар созишномаҳои қаблӣ набуданд. Аз ҷумла:

. Дар рӯзи якуми оташбас бояд ҲАМОС 20 асири зинда ва 28 ҷасади дигарро раҳо кунад.

. Дар муқобил Исроил садҳо зиндонии фаластинӣ, аз ҷумла чанд нафар аз онҳое, ки ҳукми абад гирифтаанд ва ё барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд, озод мекунад.

. Исроил амалиёти “Аработи Ҷадъун 2”-ро, ки аввали моҳи сентябр барои ишғоли комили Ғазза оғоз кардааст, мутаваққиф мекунад.

. Гуфтушунидҳо то расидан ба сулҳи ниҳоӣ ва ба таври комил поён додани ҷанг идома мекунад.

Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, ҲАМОС шоми якшанбе тариқи миёнаравҳо пешниҳодоте аз ҷониби Амрико дарёфт кардааст. Ин ҷунбиш мегӯяд, омодааст ба мизи музокирот бишанад ва қазияи озодии гаравгонҳоро баррасӣ кунад, ба шарти он ки ҷониби Исроил ба таври возеҳ поёни ҷангро эълон кунад ва ба таври комил артишашро аз Навори Ғазза берун бикашад ва як ҳайате аз фаластиниёни мустақил барои идораи Ғазза ташкил шаваду дар ҳол корро оғоз кунанд.

Яке аз шартҳои дигари ҲАМОС ин аст, ки бояд барои идомаи оташбас замонати пойбандии Исроил ба таври ошкору сареҳ гирифта шавад, ки мисли таҷрибаҳои қаблӣ аҳдшиканӣ ва адами пойбандӣ ба созишномаҳоро такрор намекунад ва он дар шакли як тавофуқи ҷудогона сурат бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 18-уми август кишварҳои миёнҷигар, мисли Қатар ва Миср тарҳи оташбасеро пешниҳод намуда буданд, ки Исроил онро напазируфт. Аз ҷумла, дар он гуфта мешуд, ки оташбас дар марҳилаи аввал 60 рӯз идома мекунад ва то ин муддат гуфтушунидҳо барои ба таври комил поён додани ҷанг идома хоҳанд кард.

Инчунин гуфта мешуд, ки дар давоми 60 рӯз Исроил гузаргоҳҳоро боз мекунад то кумакҳои башардӯстона вориди Ғазза шаванд. Ва ҳамзамон ҲАМОС 10 асири зинда ва 18 ҷасади дигарро ба Исроил таҳвил медиҳад ва дар муқобил Исроил 1700 зиндонии фаластиниро озод мекунад, ки 45 нафарашон ҳукми абад гирифтаанд ва 15 нафари дигар барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия 60 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кард

Вазорати корҳои дохилии Русия эълом кард, ки танҳо дар давраи гузашта тақрибан 60 ҳазор иҷозатномаи кор (патент)–и муҳоҷирони кориро беэътибор донистааст. Ба гуфтаи масъулони амниятии Русия, сабаби асосии ин иқдом риоя нашудани қоидаи нави сабти кор аз ҷониби муҳоҷирон мебошад.

Раҳмонов ба Қирғизистон рафт

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми ноябр барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ба Қирғизистон сафар кард.

Орд дар Тоҷикистон арзон мешавад?

Ҷумҳурии Қазоқистон содироти орду гандум ба Тоҷикистонро нисбат ба солҳои қаблӣ 4 баробар бештар кардааст.

Зулайхо Маҳмадшоева овозхони шинохата аз кормандони андоз шикоят кард

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхон ва соҳибкор, дар саҳифаи Instagram-и худ аз рафтори баъзе намояндагони ниҳодҳои андоз интиқод кардааст.