Додситон барои Пирмуҳаммадзода 7 сол зиндон талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои рӯзноманигори боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон талаб кардааст.

Яке аз пайвандони ин рӯзноманигор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мурофиа охири ҳафтаи гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардида, додситон талаб кардааст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 сол зиндонӣ шавад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили дифои ин рӯзноманигор аз додани маълумот худдорӣ кардаанд. Пайвандонаш низ мегӯянд, ки аз ҷузъиёти ин мурофиа огоҳ нестанд, чун касе бо онҳо суҳбат намекунад.

Дар ҳоле барои ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик 7 соли зиндон талаб карда мешавад, ки ӯ аз дохили зиндон бо навиштани номае гуфта буд, ки зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтааст.

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, гуфта буд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Баъди нашри ин нома дар расонаҳо Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи Пирмуҳаммадзодаро боздошт ва аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш таҳқиқ кунад. Аммо натиҷаи он эълон нашуда, мурофиаи ин рӯзноманигор аз сар гирифта шуд.

Инчунин дар он нома Абдусаттор Пирмуҳаммадзода иттиҳомоти мақомотро, ки ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор кардаанд, рад карда буд.

Ёдовар мешавем, ки мақомот тоҷик дар пайи як амалиёти махсус, ки бо боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон анҷомид, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро 8-уми июли соли ҷорӣ боздошт кард.

Дар пайи боздошту  зиндонӣ кардани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигар рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷират аз ҷамъоварии пул барои кумакҳо ҳушдор дод

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, бархе афрод ва бунёдҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксу наворҳои сохта аз мардум пул ҷамъ мекунанд.

Демократҳо дар интихоботи миёндавраии ИМА пешсаф шуданд

Ҳизби демократи Амрико бо пирӯзии аксарият бар ҷумҳурихоҳони ин кишвар дар ҳарду палатаи Конгресс ғолиб омаданд.

Вазорати мудофиа: Беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки дар моҳи аввали даъвати тирамоҳӣ беш аз 97 дарсади нақшаи даъвати сарбозон ба артиш иҷро шудааст.

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.