26.9 C
Dushanbe

Додситон барои Пирмуҳаммадзода 7 сол зиндон талаб кард

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои рӯзноманигори боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон талаб кардааст.

Яке аз пайвандони ин рӯзноманигор ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мурофиа охири ҳафтаи гузашта дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардида, додситон талаб кардааст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 сол зиндонӣ шавад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вакили дифои ин рӯзноманигор аз додани маълумот худдорӣ кардаанд. Пайвандонаш низ мегӯянд, ки аз ҷузъиёти ин мурофиа огоҳ нестанд, чун касе бо онҳо суҳбат намекунад.

Дар ҳоле барои ин рӯзноманигори шинохтаи тоҷик 7 соли зиндон талаб карда мешавад, ки ӯ аз дохили зиндон бо навиштани номае гуфта буд, ки зери шиканҷа гуноҳи нокардаро ба дӯш гирифтааст.

Журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ин номаи худ, ки дастӣ навишта шудааст, гуфта буд: “Ҳашт-даҳ рӯзи азобу уқубат, изолятсияи комил, таҳдиду таҳқир ва расидан ба аъзои оилаам водор кард, ки гуноҳи накардаро ба дӯш бигирам.”

Баъди нашри ин нома дар расонаҳо Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳокимаи Пирмуҳаммадзодаро боздошт ва аз Додситонии кулли Тоҷикистон хост, ки шикояти ӯро дар бораи шиканҷа шуданаш таҳқиқ кунад. Аммо натиҷаи он эълон нашуда, мурофиаи ин рӯзноманигор аз сар гирифта шуд.

Инчунин дар он нома Абдусаттор Пирмуҳаммадзода иттиҳомоти мақомотро, ки ӯро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор кардаанд, рад карда буд.

Ёдовар мешавем, ки мақомот тоҷик дар пайи як амалиёти махсус, ки бо боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон анҷомид, Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро 8-уми июли соли ҷорӣ боздошт кард.

Дар пайи боздошту  зиндонӣ кардани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигар рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.