32.9 C
Dushanbe

Пизишки тоҷик, Мирзоқул Ҳоҷиматов ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Табиби шинохтаи тоҷик ва собиқ муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), ки мақомот ӯро рӯзи 22 май боздошт карда буд, ба 5 сол зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли манбааш хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳукми Мирзоқул Ҳоҷиматов рӯзи 1 июн дар бинои СИЗО-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд содир шудааст.

Гуфта мешавад, ки мақомот ӯро ба узвият ва ҳамкорӣ бо созмону ташкилоти мамнуъ айбдор кардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, Ҳоҷиматов баъд аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ дигар фаъолияти сиёсӣ надошт ва дар ҳеч ҳизбу ҳаракате шомил набуду бо аъзоёни ҲНИТ ҳам робитае надошт.

Ҳангоми бозпурсӣ худи Ҳоҷиматов низ гуфтааст, ки баъд аз соли 2015 дигар фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо ҳеч ҳизбу ҳаракате робита ҳам надорад, аммо бо вуҷуди он бо ин иттиҳом барои 5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Вакили дифоаш пештар гуфта буд, ки мақомот алайҳи Ҳоҷиматов бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне узвият дар созмонҳои мамнуъ парванда боз кардаанд. Ва ин банди моддаи мазкур аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мирзоқул Ҳоҷиматов рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ашт боздошт шуд. Ӯ шаҳрвандии Русияро дошт ва дар вилояти Тюмен кору зиндагӣ мекард. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ 4 феврал барои дидорбинӣ бо хонаводааш ба кишвар омада буд ва билети баргашташ рӯзи 19 феврал гирифта шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.