Подшоҳи Британия, Чарлз III расман бародари хурдиаш, шоҳзода Эндрюро аз ҳамаи унвонҳо ва мақомҳои ифтихорӣ маҳрум кард.
Подшоҳ Чарлз III бародари худро вазифадор намуда, ки қасри шоҳигарии “Royal Lodge”-ро, ки дар ҳудуди қалъаи Виндзор ҷойгир аст, тарк кунад. Дар ин бора рӯзи 30-юми октябр дафтари матбуоти Қасри Букингем хабар дод.
Мувофиқи иттилоъ, шоҳзода Эндрю ба амволи шоҳигарии “Сандрингем” дар ноҳияи Норфолк кӯч хоҳад кард. Зиндагии ӯ дар ин манзил аз ҳисоби маблағҳои шахсии подшоҳ Чарлз III пардохта мешавад.
Ин тасмим дар заминаи идомаи ҷанҷолҳои вобаста ба робитаҳои шоҳзода Эндрю бо бонкдори амрикоӣ Ҷеффри Эпштейн қабул шудааст. Эпштейн, ки соли 2019 дар зиндон даст ба худкушӣ зад, вай ба иттиҳоми хариду фурӯши духтарони ноболиғ барои истисмори ҷинсӣ айбдор шуда буд.
Қасри Букингем иброз дошт, ки “ин чораҳо зарур шуморида мешаванд, новобаста аз он ки шоҳзода Эндрю иттиҳомҳоро рад мекунад”. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки фикр ва ҳамдардии амиқи хонадони шоҳӣ бо қурбониён ва наҷотёфтагони зӯроварӣ боқӣ мемонад.
Ин мавзуи ҷанҷолӣ пас аз нашри пораҳое аз хотираҳои Вирҷиния Ҷуффре, ки худро қурбонии Эпштейн меномад, дубора ба маркази таваҷҷуҳи ҷомеа баргашт. Вай иддао дорад, ки дар синни 17-солагӣ бо шоҳзода Эндрю робитаи ҷинсӣ доштааст.
Шоҳзода қаблан, дар моҳи октябри соли 2025, аз унвони “Герцоги Йорк” даст кашида буд. Гуфта мешавад, бо вуҷуди маҳрум шудан аз унвонҳо ӯро аз рӯйхати ворисони тахти Британия хориҷ намекунад. Эндрю дар ин рӯйхат ҳанӯз дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.
