28.9 C
Dushanbe

Поёни бе натиҷаи Музокироти Тоҷкистону Қириғизистон

Музокироти даври дувуми Тоҷикистону Қирғизистон, ки субҳи имрӯз дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилоят Суғд ҷараён дошт, бе натиҷа поён ёфт.

Акс аз сомонаи Оҷонсии Азия Плюс

Хабарнигории “Оҷонсии Азия Плюс” аз маҳалли баргузории давраи мудвуми музокироти Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳузури фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қириғизистон дар шаҳри Исфара иттилоъ дода, ки музокироти имрӯза бидуни қабули протоколе ба поён расид ва даври сеюми музокироти ҷонибҳо пагоҳ, 29-уми январи соли 2022 баргузор хоҳад шуд.

Даври дувуми музокироти имрӯза, ки бо ҳузури генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баргузор шуд, раисони вилояти Суғд ва шаҳри Исрфара аз ҷониби Тоҷикистон ва раиси вилояти Бодкент ва чанд мақоми шинохтаи дигар аз ҷониби Қирғизистон низ ширкат доштанд.

Даври якуми музокироти Тоҷикистону Қирғизистон бо раҳбарии раисони вилоятҳои Суғд ва Бодекент шаби гузашта баргузор гардида, ҷонибҳо бо эълони оташбас ба ин натиҷа расида буданд, ки тамоми нерӯҳои иловагии ва техникаи низомии ба маҳалли низоъ оварад шуда то соати 08:00 имрӯз, 28-уми январ аз маҳалли ҳодиса ба маконҳои будубоши аслиашон баргардонида шаванд.

Гуфта мешавад, дар низоъҳои рӯз ва шаби гузашта дар деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғд 2 нафар кушта ва дасти кам 31 нафар аз ду ҷониб захмӣ шудааст.

Тоҷикистон дар ин низоъ 2 кушта ва дасти кам 20 захмӣ доштааст. Афроди кушта шуда, Обидҷон Туйчиеви 36-сола ва Абдуллатиф Шарипови 58-сола ҳар ду сокинони мулкӣ буда, дар асари партоби минамиёт аз сӯи Қирғизистон ҷони худро аз даст додаанд. Ҳар чанд КДАМ-и Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди захмиҳо 10 нафар аст, вале расонаҳои хабарӣ дар истинод ба манобеи худ аз захмӣ шудани ҳудуди 20 нафар гузориш додаанд. Ҳамзамон аз ҷониби Қирғизистон ҳам гузориш мешавад, ки 11 нафар захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.