Тоҷикистон

Поёни ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар пойтахт баргузор шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзҳои 10-16-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, анҷом ёфт.

Ба қавли манбаъ, ин вохӯрӣ тибқи нақша ва дар асоси мувофиқаи қаблан бадастомадаи тарафҳо сурат гирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин нишасти 7-рӯза чизе нагуфтааст, вале таъкид карда, ки "аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд. Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад."

Дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон дар ҳоле мегӯяд, ки ин "Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд", ки рӯзе пеш ҷониби Қирғизистон ба шаҳрвандонаш ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Тоҷикистон

Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғдро болои қолинҳои сурху сафед роҳ надодан

Афғонистон

Толибон: Қотили волии Балх тоҷикистонӣ буд

Тоҷикистон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Тоҷикистон

КДАМ: Бачаат гапатро нагирад, оқаш кун!