КДАМ полковники Оҷонсии зидди фасодро бо пора дастгир кард

Акс аз: fpbk.ru

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ хабар медиҳад, ки 17-уми август полковник Ҷонибек Маҳмадзода корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми бузург дастгир шуд.

Гуфта мешавад, ки полковиник Ҷонибек Маҳмадзода дар вазифаи мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кор мекард. Аммо дар хабар миқдори муайяни пораи гирифташуда ва инчунин аз ҷузъиёти дастгиршавӣ, ки чӣ гуна ва дар куҷо рух додааст, чизе зикр нагардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, “17-уми августи соли 2020, аз тарафи кормандони КДАМ ҶТ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон, мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмадзода Ҷонибек Бек, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Хабари боздошти кормандони баландпояи Оҷонсии зиддифасод бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Соли 2017 як гурӯҳи зиёди кормандони баландрутбаи ин ниҳод дастгиру зиндонӣ шуданд. Мақомот ин гурӯҳро бо иттиҳоми қаллобӣ, гирифтани пора ва ҷиноятҳои дигар муттаҳам намуда ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Он сол ин хабар дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Дар рӯйхати ин гурӯҳи кормандони дастгиршудаи Оҷонсии зиддифасод номи Фирӯз Холмуродзода, собиқ раҳбари Раёсати тафтишоти Оҷонсӣ, ки ба 15 соли зиндон маҳкум шуд, ҷой дошт. Ҳамчунин номи Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси ин ниҳод ва Фаридун Беназирзода, муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд низ сари забонҳо мегашт, ки онҳо ба даҳуним солии зиндон маҳкум шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.