26.9 C
Dushanbe

Попов замони барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Русияро гуфт

Дар суҳбат бо “Sputnik” хабарҳо дар бораи барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русияро коршинос Владимир Попов шарҳ дод.

Ба гуфтаи ин коршиноси рус вазъи коронавирус дар Русия нигаронкунанда нест. Попов мегӯяд барои беҳтар шудани вазъ асосан эмгузаронӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин Попов қайд кард, ки дар оянда дар назар аст хатҳои истеҳсоли ваксинаи коронавирус дар Осиёи Марказӣ низ таъсис дода шаванд.

Дар бораи вақти дақиқи барқарор шудани парвозҳо байни Тоҷикистону Русия Попов мегӯяд, ки дар миёнаи тобистон воқеан намоён хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол ӯ мегӯяд, ки шояд парвозҳои мунтазам аз Русия ба Узбекистон барвақттар кушода шавад.

Ба гуфтаи Владимир Попов барои барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ, коркарди системаи назорати муштараки мусофирон дар фурудгоҳҳо зарур аст.

Коршиноси рус бар ин назар аст, ки минбаъд пӯшидани марзҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар нест. Ӯ мегӯяд, ки бояд имконият дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия оянд ва русҳо дар таътил парвоз кунанд, ки ин бахши туризмро дастгирӣ хоҳад кард.

Ин нуқтаи назари Попов дар ҳолест, ки ду рӯз қабл раҳбари фурудгоҳи Внуково дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъи коронавирус дар Тоҷикистон беҳтар гашта, интизори кушодани марзҳо дар моҳҳои апрел – май ҳастанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид.