15.9 C
Dushanbe

Посухи Бонки миллии Тоҷикистон ба таҳримҳои ИА

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе вориди рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо шудани се бонки кишварро шарҳ додааст.

Дар ин баёния, ки рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ нашр гардид, гуфта мешавад, Бонки миллии Тоҷикистон якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, барои муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимоли пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат намуда истодааст.

Ҳамзамон Бонки миллӣ гуфта, ки тамоми хидматрасониҳои бонкии “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонк” барои муштариён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас буда, дар режаи муқаррарӣ ва тибқи нақша анҷом дода мешаванд.

Аммо ин ниҳод таъкид карда, ки барои интиқолҳои байналмилалӣ ба баъзе самтҳо мумкин аст санҷишҳои иловагӣ ё тағйирот дар усулҳои стандартии иҷрои онҳо ҷорӣ шаванд ва муштариён дар ин маврид огоҳонида мешаванд.

“Фаъолияти низоми бонкӣ бо риояи қонунгузории амалкунанда идома дошта, барои таъмини фаъолияти мунтазам, субот ва ҳифзи манфиатҳои муштариён тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Қобили қайд аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аҳаммияти ҳамкории созанда бо шарикони байналмилалиро ба инобат гирифта, барои таҳкими суботи низоми молиявӣ ва рушди устувори иқтисоди кишвар саъю кӯшиш менамояд.” – омадааст дар баёнияи БМТ.

Дар ҳоле баёнияи БМ-и кишвар нашр мегардад, ки то ҳол “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонк” сабаби ба рӯйхати таҳримҳои ИА шомил шуданашонро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 23-уми октбяри соли ҷорӣ, Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳоро алайҳи Русия қабул намуд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба бахши молиявӣ равона шудааст. 

Ба рӯйхати нав, на танҳо бонкҳои русӣ, балки муассисаҳои молиявии хориҷӣ, аз ҷумла се бонки Тоҷикистон низ шомил шудаанд. Брюссел ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.

Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд.

Дар қарор гуфта шудааст, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла бо содироти компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.

Сокинони кишвар “Душанбе сити бонк”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд ва маълум нест, ки манъи муомила бо ин бонкҳо то чӣ ҳад ба фаъолияташон таъсир мегузораду фаъолияти онҳоро то куҷо маҳдуд мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.

Пизишкиён: Баъзе давлатҳо аллакай барои миёнҷигарӣ иқдом карданд

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон мегӯяд, ки бархе кишварҳо барои оғози гуфтугӯҳо дар мавриди оташбас иқдом кардаанд.

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.