7.9 C
Dushanbe

Поёни дурӯғҳо фош аст

Мусоҳиба бо Раёсати “Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажӯҳӣ” дуктур Луқмон Бойматов дар бораи маҷмуаи илмии “Масоили асл ва насаби Сомониён”

Муаррифии мухтасар: 

Дуктур Луқмон Бойматов – муаррих-ховаршинос, нависанда, мутарҷим ва мунаққиди тоҷик. Эшон аз соли 2013 муқими кишвари Суед (Шветсия) ва муассиси “Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажӯҳӣ” (соли таъсис 2019) ва ҳамзамон сармуҳаррири фаслномаи илмӣ-пажӯҳишии “Тӯроннома” (аз 2021) мебошад, ки ба забонҳои инглисӣ, русӣ ва форсӣ дар кишвари Суед ба нашр мерасад. Чанде пеш зери назари эшон маҷмуаи пажӯҳишҳои илмии муаррихону шарқшиносон аз кишварҳои мухталиф дар масоили асл ва насаби Сомониён, ки дувоздаҳ мақолоти илмӣ ва таҳқиқотиро дар бар мегирад, ба забонҳои инглисӣ ва форсӣ ба нашр расид. 

Рӯйи ҷилди вежаномаи: “Бар омадани Сомониён”

Тавре ки мушоҳидаи коршиносони Azda TV аз матолиби дар сомонаҳои интернетӣ нишон дод, ағлаби мухотабин нашри ҳамчунин маҷмуаи арзишмандро хуб истиқбол карданд ва бархе аз аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ ва берун аз ҳудуди он низ зери хабарҳо шарҳҳое хушҳолкунандае навиштанд. Бо ҳадафи бештар ошно кардани дӯстдорони таърихи миллӣ тасмим гирифт бо масъули илмии ин маҷмуа, яъне бо ҷаноби дуктур Луқмон Бойматов мусоҳибае дар ҳамин мавзуъ анҷом бидиҳад.

Azda TV: Ташаккур ҷаноби дуктур даъвати моро барои анҷоми вежамусоҳиба дар бораи маҷмуаи илмии “Масоили асл ва насаби Сомониён” пазируфтед. Бовар дорем, барои ҳамаи тоҷикони дунё, чи дар дохили кишвар, ва чи берун аз он, нашри пажӯҳишҳои вазнину пурбор, бахусус, бо ҳамкории мутахассисони хориҷӣ фавқулодда арзишманданд. Шак нест, таҳия ва чопи маҷмуаи пажӯҳишҳои илмӣ пиромуни асл ва насаби Сомониён, дар шароити вусъати равандҳои мухталифи понтуркизми даврони пас аз шуравӣ, ки ба тадриҷ минтиқавӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ мешавад, аз дидгоҳи на танҳо илмӣ, балки аз назари сиёсӣ низ арзишманд аст. Мехостем, чанд сухане дар бораи сабабҳо ва наҳваи таҳияи ҳамин маҷмуа ироа намоед. Ва низ мехоҳем бидонем, ки мухотабони ин маҷмуа, аз назари шумо кадом қишри ҷомеаи тоҷикон аст?

Л. Бойматов. Сипоси фаровон барои эҷоди фурсат барои суҳбате пиромуни нақши пахши дониш дар ҷомеа. Бо камоли таассуф, дар шароити имрӯз, бар асари шиддати зиддиятҳои сиёсӣ ва носозгориҳои идеоложуки «расмӣ ва ғайри расмӣ» ва авомили дигар, дар соири кишварҳо арсаи фаъолият ва фазои илмӣ, барои ироаи ақоиди илмии воқеиву созандаи аҳли илму дониш танг шудааст. То ҷое, ки ошкор аст, аз эъломи чопи маҷмӯъае, ки дар мавридаш сухан меравад, наздик ба ду ҳафта гузашта, бо камоли таассуф, ҳеч як аз нашрияҳои фаъоли ватанӣ ва сомонаҳои интернетӣ, ҳатто хабаре аз нашри ин маҷмӯъа дарҷ накарданд. Он чи ишора кардам, гила аз аъмоли рӯзноманигорон нест, балки нигаронии маҳз аз фориғболӣ ва бетаваҷҷӯҳии аҳли илму фарҳанг нисбат ба ҳозиру ояндаи миллат аст. Боз ҳам, сипоси муҷаддад бар шумо ва гурӯҳатон, ки ба заҳамот ва талошҳои пажӯҳишгарон, ки бо мақсади густариши дониши ҳақиқӣ фаъолият мекунанд, таваҷҷӯҳ зоҳир кардед. 

Дониш роҳи аслии шинохти ҳамаи падидаҳои иҷтимоист. Илми таърих навъе аз донишҳост, ки дар баррасӣ ва таъйини решаҳо ва аносири шаклгирии миллатҳо, асолати хонадонҳои ҳоким ва давлатҳо нақши бисёр муассире доранд. Мо тоҷикон ифтихор дорем аз ин ки Оли Сомон меъмор ва поярези аслии давлатдории миллӣ дар тӯли таъриханд. Ин бардошт ва шинохти созанда аз асолати миллӣ, моро водор менамояд, ки миллати тоҷик бояд бештару беҳтар ва бо тамомии вуҷуд ҷиҳати дифоъ аз ҳувияти таърихӣ ва дар баробари ҳар навъ таҳоҷуми бегонагон бар таърих ва тасарруфи он тавассути дониши сангин ҷасурона воистад. 

Чун, худ масъул ва муҷрии аслии таҳияи ҳамчунин маҷмуаи илми-пажӯҳишӣ ҳастам, беҳтар аст, бар пояи талошҳое, ки муддати тӯлонӣ дар раҳ доштам, матраҳ намоям, то барои хонандагон ва ҳамаи мухотабин, бавежа барои дӯстдорони таърихи миллӣ рӯшан шавад. 

Ошноӣ ва кунҷковии ин ҷониб ба вуҷуди масоили печидагиҳои таърихи асл ва насаби Сомониён, дар ибтидои солҳои 90-и асри гузашта шуруъ шуда, то кунун идома дорад. Нашри китобҳо ва силсилаи мақолоти профессори ӯзбак Шамсиддин Камолиддин ва ҷонибдоронаш ба забонҳои мухталиф ва таблиғи густардаи дидгоҳи ғайриилмии эшон тавассути масъулини давлати Ӯзбакистон ва ҳимояти ин «дидгоҳи илмӣ» аз тарафи бархе аз ховаршиносони номии урупоӣ, мабнӣ ба ин ки Сомониён аз қавми туркӣ бархостаанд, боиси тасмими қатъии ин ҷониб ҷиҳати таҳияи посухи илмӣ алайҳи таҳрифгарони таърих гардид. Ва аз соли 2013 то кунун китобу силсилаи нақду баррасҳои ба забонҳои мухталиф нашр намудам. Аз таъсир ва ҷойгоҳи илмии ин ҷониб, кофӣ аст, бигуям, ки китоби «Нақди китоби «Баромади Сомониён»-и проф Ш.С. Камолиддин, ки соли 2013 ба русӣ чоп шуда буд, то соли 2022 ба ҳашт забони урупоӣ (аз ҷумла: ба инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, италиёвӣ, потруғолӣ ва ғ.) тарҷума гардид.

Рӯйи ҷилди китоби: “A Critique of the Monograph of the… 
book by Lukhmon Boymatov

Зимнан, аслитарин, мухотабини маҷмуаи илмӣ аҳли илму донишанд. Умедворем, маҷмуаи илмии мазбур мавриди таваҷҷӯҳи муаррихону ховаршиносон, донишҷӯён ва мутахассисони риштаҳои таърих, бостоншиносӣ, манобеъшиносӣ, таърихнигорӣ ва таърихи фарҳангӣ ва тамаддун дар қаламрави Сомониён қарор хоҳад гирифт. 

Azda TV: Албатта, нақди андешаҳои ифротии донишмандон дар ҳама давру замон муҳиманд. Вале пурсиши навбатии мо ин аст, ки магар то замоне ки Шумо иқдом ба нақди назароти пантуркистон, нисбат ба асл ва насаби Сомониён кардед, касоне аз Академияи илмҳои Тоҷикистон буданд, ки даст ба вокуниш, бахусус ба назароти профессори ӯзбак Ш.С. Камолиддин ва дигар донишмандони туркзабон карданд? 

Л. Бойматов. Сукути марказҳои таҳқиқотӣ ва донишмандони меҳан дар баробари ҳар навъ падидаҳои шум ва номатлуби миллатгароёни ифротии ҳамсоягон амали бисёр зиште аст. Борҳо шоҳиди он мешавем, ки масъулини дараҷаи аввали Институти таърихи Академи улуми Тоҷикистон таъкид меварзанд, ки гӯйӣ, ки: «Ҳамаи дунё медонанд ва пӯшида нест, ки Сомониён тоҷик буданд ва назароти миллигароёнаи кишварҳои дуру ҳамсоя сазовори посухе нест». 

Ба ростӣ, ҳамчунин мавқеъгирии масъулин дар баробари вусъат ва таҳдидҳои осори таҳоҷуми фикрӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳамсоягони боуқда, боитминон мегӯям, ки ин навъи аз хиёнат аст ва ин навъ посухро онҳое мегӯянд, ки на аз таърих сар даровардаанд, на дарки хатароти осори таҳоҷуми фарҳангиро доранд ва ё ин ки инон ба дониши худ бовар надоранд. Бешак, ин зумра донишмандони судҷӯву фурсатталаб, хатарноктар аз худи муҳоҷимонанд.

Қобили зикр аст, иддае аз аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон низ буданд, ки аз мо пештар иқдом ба нақди осори пантуркистон ҷадид пиромуни таърихи Сомониён карда буданд. Ва аз ин назар, навиштаҳои судманде оқои Ҳазрати Саббоҳ матраҳ карда буданд. Ва гурӯҳе низ, ба мисли профессорон Ҳайдаршо Пирумшоев, Саидмурод Бостонгуҳар ва Ҳамза Камол аз Академи улуми Тоҷикистон корҳоеро дар ҷиҳати интиқоди назароти Ш.С. Камолиддин ва тарафдоронаш анҷом додаанд. Бо ин ҳол, бояд ҷиддан мутаваҷҷеҳ шуд, ҳеч яки инҳо, мутахассиси мавзуи баҳс ва ба маънии аслӣ коршиносони масоили шаҷарашиносӣ ва таърихи маҳзи давраи Сомониён набуданд ва бад-ин далел аст, ки профессор Ш.С. Камолиддин ва дигарон пеши худ эҳсоси мағруронаи «пирӯзӣ» мекарданд ва ба ин гурӯҳ аз олимони Академи улуми Тоҷикистон посухҳои таҳқиромезе доданд. Ҳатто шоҳидем шахсияти сиёсӣ ва илмии Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин қазия аз тарафи академикони Академи улуми Ӯзбакистон, проф. А. Асқаров ва «сомонишиноси дараҷаи аввал» Ш.С. Камолиддин мавриди дашномҳои зиште қарор гирифт. 

Иттифоқ уфтодани ҳамчунин аъмоли беэҳтиромӣ нисбат ба шаъни илму дониш ва шахсиятҳои илмӣ нишонгари он аст, ки дар бархурди «илмӣ»-и сиёсишуда, дигар коре, ки муассир бошад, аз тарафи донишмандони Академии улуми Тоҷикистон сохта нашуд ва Ш.С. Камолиддин ва ҷонибдоронаш боз ҳам по аз чаҳорчӯбаи ахлоқи илмӣ гузошта, бо ҳамкории марокази илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои урупоӣ таблиғи густардаи назароти пантуркистии худро ҳамчунин идома доданд ва ба ҳадде, ки иддае аз маъруфтарин ховаршиносони номии амрикоӣ, ба мисли профессор Ф. Старр ва шогирдонаш, ҷонибдории худро аз дидигоҳи «муҳимии илмӣ»-и Ш.С. Камолиддин ба гунаи расмӣ эълом карданд. Гузашта, давлатмардони Ӯзбакистон дар пайи ҳимояти назароти профессори мазбурро дар тамомии кутуб ва барномаҳои таълимӣ расман эълом намуд ва ҳамакнун, ин дидгоҳи боғараз дорад пайваста ба густардагии бемисл дар расонаҳои мухталифи инетернетӣ таблиғу ташвиқ мешавад. Ин ҷо махсус нақши сомонаҳо ва блогерҳои шахсиро дар ин раванд зикр намекунам, чун баррасии ин мавзуъ аз дидгоҳи журналистика низ ҷолиб хоҳад буд, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқон қарор бигирад. 

Azda TV: Он гуна ки дар эъломия пахш шудааст, ҳамаи муаллифон, бидуни истисно мутахассисҳои маъруф дар сомониёншиносӣ мебошанд. Агар ин назар дуруст аст, мехостем дар бораи сатҳи илмӣ ва ҷойгоҳи онон дар таърихи таҳқиқи масоили марбут ба асл ва насаби Сомониён чанд сухане мегуфтед.

Л. Бойматов. Бале, мутмаин бошед, маҷмуаи пиромуни масоили асл ва насаби Сомониён бо ширкати муҳаққиқону муаррихон аз кишварҳои Амрико, Инглистон, Суед (Шветсия), Русия ва Эрон барои нахустин бор тадвин шудааст. Теъдоди куллии мақолот: 12 то (7 адад мақола ба заб. инглисӣ ва 5 – ба форсӣ). Муаллифон 9 нафаранд. Дуруст ҳам фармудед, бидуни истисно, ҳамаи муаллифони маҷмуае, ки дар борааш суҳбат меравад, мутахассисони дараҷаи аввал дар масоили мухталифи таърихи давлати Сомониён ва мавзуоти таърихи рӯзгори оноанд. 

Бо ин фикр, ки ба ҳар навъ таҳрифгарони таърих, посухи муштараки муҳаққиқони дараҷаи аввали мавзуъ, бисёр муассир аст, бо маслаҳат ва машварати дӯстони андешаманд иқдом барои даъвати ҳамкорӣ ба донишмандон ва таҳияи маҷмуаи мақолоти мутахассон кардем ва дар зарфи беш аз чаҳор сол, чунонки, шоҳид ҳастед, ин маҷмуа ба нашр расид. Ва ин дам, муваззафам, аз самимияти ҳамаи муаллифон ва ҳамкороне, ки дар таҳияи ҳамчунин маҷмуаи бо муҳтаво ба гунаи мустақим ва ғайримустақим саҳим буданд, аз самимияти дил сипосгузорӣ намоям. Ҷо дорад, аз заҳамоти оқои Ҷалоли Ҳуҷҷатӣ, ки воқеан, барои нашри ин маҷмуа талошҳои густардаеро аз худ нишон додаанд, мебояст сипосгузор буд. 

Он гуна ки гуфтам, дар ҷойгоҳи баланди илмии муаллифони маҷмуаи мо ҷойи шакк нест. Ҳар яке онон мутахассиси варзида ба масоили вежаи мавзуъ ва бархе ҳам, даҳҳо сол қабл аз навиштаҳои пуриддаои пажӯҳишгарони туркӣ ва ӯзбакӣ осори гаронсанги хешро роҷеъ ба таърихи давлати Сомониён ба забонҳои мухталиф ироа кардаанд. Чунончӣ, ховаршиноси номии инглисӣ Люк Тредвелл, муаррихони номвари эронӣ, оқоён дуктур Ҷаводи Ҳиравӣ ва дуктур Муҳаммадризо Ноҷӣ аз зумраи муҳаққиқине мебошанд, ки Ш.С. Камолиддин ва тарафдорони эшон, на танҳо, таваҷҷӯҳи лозимро бар нақду баррасии осорашон надошта, балки амдан сарфи назар кардаанд. Ё худ мақолаи мутахассиси барҷастаи таърихи меъмории Осиёи Марказӣ аз Институти ховаршиносии Академи улуми Русия оқои дуктур Ш. Шукуров дар бораи Мақбараи Сомониён, бешак, яке аз пажӯҳишҳоест, ки лобалои тафсирҳои илмии эшон, метавон решаҳои баромади Оли Сомонро ба осонӣ пай бурд. Дар бораи ҷойгоҳи илмии муаллифони дигар низ метавон ҳамин арзёбиро сазовор донист. 

Бо итминон мегӯям, он чи аз ҷониби маркази мо ба наҳви бисёр коршиносона анҷом шуд, ҷазби муаллифоне буд, ки назароти илмии онон аз тарафи макотиби понтуркизми ҷадид, бо ғараз таҳриф мешуданд. Ба ибораи дигар мо тавонистем, посухҳои қатъан илмӣ ба ҳар як аз «далелҳои нави илмӣ»-и муаррихон ва муҳаққиқони миллатгарои туркӣ ва ӯзбакӣ, тайи даҳсолаҳои ахир пайваста таблиғу ташвиқ мешуд, ироа намоем. Ин амалро ба унвони оғози пирӯзии хайри инсонӣ бар шарри ғайри инсонӣ метавон талаққӣ кард.

Azda TV: Ба назари шумо то чи ҳад, чопи ҳамчунин маҷмуаҳо дар тағйири назароти донишмандони миллатгаро муассир метавонад бошад? Оё натиҷаи он қобили мушоҳида аст? 

Л. Бойматов. Ҳадафи аслии таҳияи маҷмуаҳои тахассусӣ рушанӣ андохтан ба печидатарин мавзуоти илмӣ ва ё интиқоди назароти шабеҳилм дар ҳамаи улум аст. Ва аммо муаррихон, на танҳо, масъулони илми таърих, балки бояд ҳомиён ва муҳофизини мероси ниёкон ҳам бошанд. Бори дигар, батакрор мегӯям, бетаваҷҷуҳӣ ва сукути муаррихон ва аҳли илму донишу адаб дар баробари ҳар навъ таҳоҷуми «илмӣ» ва фарҳангии бегонагон, боиси шикасти ирода ва заъфи сиришти миллат хоҳад шуд. Сукути донишмандон ва мавқеъгирии ношоиставу судҷӯёнаи аҳли илму адаб ба ҳар навъе сурат бигирад, ба мисли вазъи хушкидани решаҳои дарахт мемонад. Дарахте, ки фоқиди ғамхорӣ ва нигоҳубин аст, лоҷарам, хушк хоҳад шуд. Дар радифи аввал, маҳз муаррихон масъули тақвияти ҳувияти миллӣ ва бояд ҳамеша омодаи набард бо падидаҳои шабеҳилм ва ҳамаи таҳрифгарони таърих бошанд. Фосила гирифтани муаррих аз ҳодисоти номатлубу зиёновари рӯзгори худ ва пинҳон шудан ва дар паси «шиорҳои дӯстӣ ва бародарӣ», яқинан, хиёнатҳоеанд бар ҳақиқату адолат. 

Метавонам бигӯям, таъсири нақду баррасиҳо бар осори муаррихони миллатгарову таҳрифкор, бешакк, қобили мушоҳида аст. Чунончӣ, теъдоди муроҷиаткунандагони сафҳаи “academia edu”, ки намунаи зиёди осори таърихии мо ройгон гузошта шудааст, болотарин мақомро дар миёни ҳамаи муаррихон ва муаллифони кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад. Зимнан, ағлаби муроҷиаткунандагон, аз устодон ва муаррихони кишварҳои мухталиф, аз чумла, аз муҳиммтарин марокази илмӣ ва донишгоҳҳои маъруф мебошанд, ки бо соири онҳо мо иртиботи мустақим ва ҳамкориҳои судманде дорем. 

Рӯйи ҷилди китоби: The Samanids: The First Islamic Local Dynasty 
in Central Asia. By Kamoliddin, Shamsiddin

Аз таъсири мустақими нақди андешаҳои пантуркистони навин метавон мисоли дигаре биёварам. Ҳамон профессори хаёлпараст Ш. Камолиддин, ки тӯли беш аз даҳ сол, бо ироаи кутуб ва мақолоти хеш, саъй дошт, ки хонадон ва худ шаҳаншоҳи Эрон Баҳроми Чӯбинро ба унвони туркони даврони куҳан ва ҷадди Оли Сомон муаррифӣ мекард, пас аз чопи силсилаи нақди мо, баногаҳон, дар суханронии худ дар яке аз донишгоҳҳои урупоӣ, таъкид намуд, ки гӯйӣ, Баҳром Чӯбина, бо эҳтимоли қавӣ, ҷадди Сомониён наметавонад бошад. Тасмими «ниҳоӣ»-и ин профессори ӯзбак, ба ин маънӣ аст, ки вай аз «қавитарин далел»-и худ мабнӣ, ба ин ки Баҳроми Чӯбин турк ва ҷадди Оли Сомон аст, даст кашида ва ба гунаи расмӣ далоили илмии мунаққиди худро маҷбур шуд эътироф намояд. Ин амр, нишон медиҳад, ки агар таҳлилҳо ва нақдҳои ироашуда амиқу сангин бошанд, шикасти қомати шабеҳилм ногузир аст. Бо ин ҳол, бояд мутаваҷҷеҳ шуд, ки баҳсҳо ва даргириҳо миёни тарафҳо, пиромуни масоили дигари таърих боз ҳам идома дорад. Посухҳои илмӣ бар ҳамаи таҳрифгарони таърих бояд бар пояи муҳкам ва ҷадидтарин дастоварҳои илмиву мантиқӣ пойдор бошанд, вагарна, тарафи муқобил аз маркаби кизбу кибр нахоҳанд фуруд омад.

Мехоҳам, дар интиҳои сухани худ яке аз авомили заъф ва комёб набудани тарафи муҳофиз, яъне тоҷикон ишораи кӯтоҳе кунам. Вазъи кунунии ВАО дар таблиғи дониши воқеӣ бисёр бад аст. Чунончӣ, сомонаҳо, гурӯҳҳо ва блогерҳои тоҷикӣ дар баробари ҳамсонҳои ӯзбакӣ ва туркии худ фоқиди ваҳдати онон аст. Дардовар аст, ағлаби блогерҳои мо аз мавзуоте, ки мавриди баҳсашон аст, огоҳ нестанд, ё роҳҳои муқобилат ва истодагариро алайҳи афкору андешаи зиёнбор ба хубӣ намедонанд; мутлақо бехабар аз навтарин таҳқиқоти донишмандон дар мавзуоти таърихианд; роҳҳои ислоҳ ва такмили матолиби илмии Википедия ва сомонаҳои дигарро намедонанд. Тақрибан ҳамаи мазомине, ки дар сомонаҳо аз тарафи блогерҳои тоҷик гузошта мешаванд, ё бар пояи осори дувуминдараҷа ва ё аз иқтибос аз китобҳои дарсӣ мебошанд, ки албатта, дорои иттилооти ҷадид нестанд. Дигар аз вежагиҳои хосси аксуламали аксари блогерҳои тоҷикӣ ба падидаҳои илмӣ ва фарҳангӣ зери айнаки маҳалгароӣ қарор додани ҳамаи аҳдоф ва объектҳояшон аст, ки ба ин ҳол бояд гирист, зеро ин амал зишттарин падидаи фарҳангие мебошад, ки дар ниҳоди миллат табдил ба як суннати пинҳони худкушӣ шудааст.

Бояд ҷиддан бияндешид, адами ваҳдат миёни аҳли адаб ва таҳкими биниши маҳалгароӣ дар сари аҳли зиё, ниҳоди миллатро хор ва чашмони хирадашро кӯр хоҳад кард. Ин саратонест, ки босуръат дар ҳоли сироят аст.

Azda TV: Ташаккур фаровон барои ризоят ва анҷоми мусоҳибаи муфиду созанда бо Azda TV! Умед дорем, Маркази илмӣ-таҳқиқоти тоҷикпажӯҳӣ осори арзишманди илмӣ ироа хоҳад шуд. Барои Шумо ва ҳамкоронатон комёбиҳои нав ба нави илмиро таманно дорем.

Л. Бойматов: Мамнунам аз ин ки мусоҳибаро барои як ҳадафи хубу муассир барои миллати азизам анҷом додед. Умедворам, дар оянда бо мутахассисони дигар низ суҳбатҳои муфидеро идома медиҳед. Муваффақияти бештари шуморо ва ҳамчунин, беҳтарин орзуҳоро барои гурӯҳатон дорам. Худованд ёратон бод!

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия 60 ҳазор патенти муҳоҷиронро бекор кард

Вазорати корҳои дохилии Русия эълом кард, ки танҳо дар давраи гузашта тақрибан 60 ҳазор иҷозатномаи кор (патент)–и муҳоҷирони кориро беэътибор донистааст. Ба гуфтаи масъулони амниятии Русия, сабаби асосии ин иқдом риоя нашудани қоидаи нави сабти кор аз ҷониби муҳоҷирон мебошад.

Раҳмонов ба Қирғизистон рафт

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми ноябр барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ба Қирғизистон сафар кард.

Орд дар Тоҷикистон арзон мешавад?

Ҷумҳурии Қазоқистон содироти орду гандум ба Тоҷикистонро нисбат ба солҳои қаблӣ 4 баробар бештар кардааст.

Зулайхо Маҳмадшоева овозхони шинохата аз кормандони андоз шикоят кард

Зулайхо Маҳмадшоева, овозхон ва соҳибкор, дар саҳифаи Instagram-и худ аз рафтори баъзе намояндагони ниҳодҳои андоз интиқод кардааст.