Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар дод.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими таҷлил аз 80-умин солгарди Ҷашни Ғалаба сурат мегирад. Ин чорабинӣ 9-уми май дар Майдони Сурх баргузор мешавад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар ҳолест, ки дар ҳафтаҳои ахир мавҷи фишор болои муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия афзоиш ёфтааст. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое паҳн шудаанд, ки пулиси Русия дар минтақаҳои сермуҳоҷир бо истифодаи зӯр муҳоҷиронро боздошт ва латукӯб мекунад. Яке аз чунин наворҳо, ки боздошти муҳоҷирони қирғизро нишон медиҳад, боиси вокуниши расмии Бишкек гардид. Ҳатто Қирғизистон сафири Русияро эҳзор ва нотаи эътирозӣ тақдим кард.

Инчунин муовини вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бобур Усмонов рӯзи 2-юми май бо сафири Русия Олег Малгинов мулоқот карда, дар мулоқот бо сафири Русия масъалаи афзоиши нақзи ҳуқуқ ва ҳолатҳои бадрафторӣ бо муҳоҷирони корӣ дар ин кишварро матраҳ кардааст. Тошканд аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки масъалаҳои поймол кардани ҳуқуқи муҳоҷирони узбекро бодиққат омӯхта, нигарониҳои Узбекистонро дар ин бора ба мақомоти дахлдори Федератсияи Русия расонанд.

Мақомоти Тоҷикистон бошад то ба ҳол дар робита ба чунин амалкардҳо ягон изҳорот надода ва хомӯширо пеш гирифтаанд.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия соатҳо бозпурсӣ мешаванд, телефонҳояшонро месанҷанд ва дар сурати ошкор шудани камтарин қонуншиканӣ барои муддати тӯлонӣ ихроҷ мешаванд.  

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба таври назаррас аз даромади муҳоҷирон вобаста аст ва чунин муносибат метавонад пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба бор оварад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.